Сӯхтори донишгоҳи Хуҷанд ба таҳсил чӣ таъсир расонд?

© Камар АхрорПаёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд
Паёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Масъулони Донишгоҳи Хуҷанд мегӯянд, сӯхтори ахир гузарондани дарс дар синфхонаҳои факултаи таъриху ҳуқуқ ва забону адабиёти русро ғайриимкон намудааст
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Беш аз 1200 донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд дар пайи сӯхтори қисме аз бинои ин муассиса ба дигар биноҳои таълимӣ интиқол дода шудаанд. Таҳсили ин шумор донишҷӯён то замони бартарафсозии паёмади сӯхтор дар дигар факултаҳо дар басти дуюм мегузарад.
Котиби матбуоти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Фаридун Ҳодибоев ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чӣ қадар бино хароб шудааст.
Ӯ гуфт, бинои таълимии факултаи таъриху ҳуқуқ ва забону адабиёти рус дар умум аз 35 синфхона ва 20 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар натиҷаи сӯхтор боми 8 синфхона пурра ба коми оташ рафта дар натиҷа ба маҷлисгоҳ ва анбору роҳравҳо низ зарар расидаст.
"Сӯхтор гузаронидани дарсҳоро дар ин синфхонаҳо ғайриимкон намуд. То замони бартарафсозии паёмади сӯхтор таҳсили беш аз 1200 донишҷӯ дар басти дуюм дар дигар биноҳои таълимии донишгоҳ мегузарад"– изҳор дошт котиби матбуотӣ.
Бино ба гуфти ӯ, бо дастури ситоди бартарафсозии паёмади сӯхтор ҳамаи донишҷӯёни факултаҳои таъриху ҳуқуқ ва забону адабиёти рус ба синфхонаҳои таълимии факултаҳои психология ва геоэкология интиқол дода шудаанд.
Котиби матбуотии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров қаблан бо такя ба таҳқиқи муқаддамотии мақомот ҳаҷми зарари расида аз сӯхторро наздики 2 млн сомонӣ гуфта буд.
"Аз ин 1,5 млн сомонӣ зарари бино ва беш аз 280 ҳазор сомонӣ зарари ашёи таълимӣ. Ин ҳанӯз зарари пешакӣ мебошад ва эҳтимол боз ҳам изофа шавад” - гуфта буд Ҳодибоев.
Сӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
“Амали барқасдона”: маълум шуд, ки Донишгоҳи Хуҷандро кӣ оташ зад
Сӯхтор дар факултаҳои таъриху ҳуқуқ ва забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ҳамагӣ дар як бино воқеъ дар маҳаллаи Гулистони Хуҷанд ҷойгиранд шаби 20 сентябр рух дод.
Мақомоти тафтишотии Суғд бо гузошти як рӯз маълум карданд, ки ин ҳодиса амали барқасдона буда, аз сӯи посбони бино содир шудааст. Зимнан алайҳи посбон парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 289 ҳодисаи сар задани сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамасола аз ҳисоби чунин ҳодисаҳои нохуш бо арзиши млн-ҳо сомонӣ иморату иншоот ба коми оташ мераванд.
Лентаи хабарҳо
0