Хароҷоти фурудгоҳи Душанбе аз даромадаш бештар шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе ночью, архивное фото
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Обуна шудан
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳисоб кардааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон даромадаш 1,5 млн сомонӣ зиёд шудасту хароҷоташ 80 млн сомонӣ афзудаст
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нимсолаи аввали соли равон ба 335 млн сомонӣ баробар шудаст, ки ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, хароҷоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нимсола ба 383 млн сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта ҳудуди 80 млн сомонӣ ё худ 26% зиёдтар шудаст.
Дар маҷмуъ тайи ин муддат Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 991 ҳазор нафар хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 260 ҳазор нафар ё 30% афзоиш ёфтаст.
Пассажирский поезд, который отправился с ж/д вокзала Душанбе в Ташкент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Нархи арзон: талоши "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барои ҳузури бештар дар бозори мусофирбарӣ
Таъкид шуд, ки дар ин давра шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонида 3395 ададро ташкил дод, ки аз ин омор 2792 ададаш хатсайрҳои мунтазам мебошанд.
Ҳаҷми боркашонӣ аз тариқи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 1,5 ҳазор тонна ҳисоб карда шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 60% афзудаст.
Ҳамчунин ҳисоб карда шудааст, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли равон 554 ҳолати таъхири парвози ҳавопаймо ба қайд гирифта шудааст.
Далели таъхири парвозҳо ба иттилои масъулини Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар бисёри ҳолатҳо ба номусоидии боду ҳаво рабт дорад.
Лентаи хабарҳо
0