https://sputnik.tj/20230907/tojikiston-emguzaroni-bemori-khatarnok-idoma-1059268193.html
Эмгузаронӣ зидди ду бемории хатарнок дар Тоҷикистон
Эмгузаронӣ зидди ду бемории хатарнок дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Айни ҳол дар Тоҷикистон даври дуюми эмкунӣ барои наврасон бар зидди бемориҳои сироятӣ – сурхча ва сурхак ҷараён дорад, ки ҳадафаш пешгирӣ аз ин ҳолатҳо аст
2023-09-07T17:40+0500
2023-09-07T17:40+0500
2023-09-07T17:40+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
эмгузаронӣ
ваксина
сурхча
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103043/74/1030437419_0:140:2492:1542_1920x0_80_0_0_dbb9b238d06b6cc114cdceef04a0fa9d.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон зидди сурхча ва сурхак эмгузарониро оғоз кардаанд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.Вай тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир марҳалаи дуввуми ҷорӣ кардани эмкунӣ алайҳи ин бемориҳои хатарнок идома дорад. Ёдовар мешавем, ки даври аввал аз 21 то 31 август баргузор шуд. Он вақт кӯдакони аз 6 моҳа то 6 сола эм карда мешуданд. Дар доираи марҳилаи навбатӣ кӯдакону наврасони аз 7 то 15-сола эм карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, маъракаи эмкунӣ барои 3,5 миллион нафар пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи Ҷаъфаров, маълумоти пешакӣ дар бораи эмкунӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. Ӯ ёдовар шуд, ки ваксина барои кӯдакон безарар аст. Амалиётҳои тиббӣ ройгон мебошанд. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ вазъияти бемории сурхак тахти назорати пурраи табибон мебошад. Бино бар шарҳи мутахассис, сурхча бемории вирусӣ буда, хоси қишри кӯдакон буда, калонсолон низ дучори он мешаванд. Он миёни хурдсолон бидуни мушкилӣ мегузарад ва дар калонсолон баъзан монеа эҷод менамояд.Беморӣ зуд паҳншаванда буда, дар як муддати кутоҳ метавонад на танҳо як хонавода, балки ҷомеаро сироят кунад.Ба таъкиди Ҷаъфаров, моякӯбӣ яке аз роҳҳои саривақт ва арзони пешгирии ин беморӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230704/vaksina-tojikiston-kudakon-surkhcha-moyakubi-1058064253.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103043/74/1030437419_126:0:2367:1681_1920x0_80_0_0_cbbc2976f198b2830b63a1f0d3894e6f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон эмгузаронӣ беморӣ хатарнок
тоҷикистон эмгузаронӣ беморӣ хатарнок
Эмгузаронӣ зидди ду бемории хатарнок дар Тоҷикистон
Айни ҳол дар Тоҷикистон даври дуюми эмкунӣ барои наврасон бар зидди бемориҳои сироятӣ – сурхча ва сурхак ҷараён дорад, ки ҳадафаш пешгирӣ аз ин ҳолатҳо аст
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон зидди сурхча ва сурхак эмгузарониро оғоз кардаанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир марҳалаи дуввуми ҷорӣ кардани эмкунӣ алайҳи ин бемориҳои хатарнок идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки даври аввал аз 21 то 31 август баргузор шуд. Он вақт кӯдакони аз 6 моҳа то 6 сола эм карда мешуданд.
Дар доираи марҳилаи навбатӣ кӯдакону наврасони аз 7 то 15-сола эм карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, маъракаи эмкунӣ барои 3,5 миллион нафар пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Ҷаъфаров, маълумоти пешакӣ дар бораи эмкунӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.
Ӯ ёдовар шуд, ки ваксина барои кӯдакон безарар аст. Амалиётҳои тиббӣ ройгон мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ вазъияти бемории сурхак тахти назорати пурраи табибон мебошад.
Бино бар шарҳи мутахассис, сурхча бемории вирусӣ буда, хоси қишри кӯдакон буда, калонсолон низ дучори он мешаванд. Он миёни хурдсолон бидуни мушкилӣ мегузарад ва дар калонсолон баъзан монеа эҷод менамояд.
Беморӣ зуд паҳншаванда буда, дар як муддати кутоҳ метавонад на танҳо як хонавода, балки ҷомеаро сироят кунад.
Ба таъкиди Ҷаъфаров, моякӯбӣ яке аз роҳҳои саривақт ва арзони пешгирии ин беморӣ мебошад.