https://sputnik.tj/20230921/barqasdona-maqomot-sabab-sukhtor-donishgoh-khujand-malum-1059518317.html
“Амали барқасдона”: маълум шуд, ки Донишгоҳи Хуҷандро кӣ оташ зад
“Амали барқасдона”: маълум шуд, ки Донишгоҳи Хуҷандро кӣ оташ зад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд мегуяд, ки ҳодисаи оташсӯзии факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барқасдона сурат гирифтааст
2023-09-21T15:55+0500
2023-09-21T15:55+0500
2023-09-21T18:01+0500
дар тоҷикистон
сӯхтор
хуҷанд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059483749_0:101:1080:709_1920x0_80_0_0_28996f7ed5086f5219f274d4a56b36ba.jpg
ДУШАНБЕ 21 сен – Sputnik. Мақомоти сӯхторнишонии Суғд бо гузашти як рӯз аз рухдоди ҳодисаи сӯхтор дар Донишгоҳи Хуҷанд сабаби онро маълум кардаанд. Як манбаъи наздик ба тафтишоти ҳодиса дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки оташсӯзии факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аз сӯи посбони бино рух додааст. Бино ба иттилоъ ин манбаъ зимнан нисбати посбони бино бар асоси моддаи 255 (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр) парванда боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. Сӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шаби 19 ба 20 сентябр рух дод. Дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 400 метри мураббаъ боми бинои таълими ва дасрсхонаҳо ба коми оташ рафт. Мақомот барои хомӯш кардани алангаи оташ 13 мошини обпош аз шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он сафарбар кардаанд. Бо кӯмаки сӯхторнишонҳо беш аз 2 миллион сомонӣ иншоот ва атрофи бино аз коми оташ наҷот дода шудааст. Идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳозир ҳаҷми зарари расида аз ин ҳодиса маълум мекунанд. Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 289 ҳодисаи сар задани сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20230920/sukhtor-donishgohi-davlatii-khujand-1059484198.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059483749_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_90b88c63f6cfe7c19523ed1f84156df4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амал барқасдона донишгоҳ хуҷандро оташ
амал барқасдона донишгоҳ хуҷандро оташ
“Амали барқасдона”: маълум шуд, ки Донишгоҳи Хуҷандро кӣ оташ зад
15:55 21.09.2023 (Навсозишуда: 18:01 21.09.2023) Эксклюзив
Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд мегуяд, ки ҳодисаи оташсӯзии факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барқасдона сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ 21 сен – Sputnik. Мақомоти сӯхторнишонии Суғд бо гузашти як рӯз аз рухдоди ҳодисаи сӯхтор дар Донишгоҳи Хуҷанд сабаби онро маълум кардаанд.
Як манбаъи наздик ба тафтишоти ҳодиса дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки оташсӯзии факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аз сӯи посбони бино рух додааст.
“Комиссияи тафтишотӣ зимни таҳқиқи камераҳои мушоҳидавӣ маълум кард, ки оташсӯзии бино амали барқасдона аст. Баъдан дар пайи бозпурсиҳо маълум гардид, ки посбони факулта даст ба чунин кирдори ношоиста задааст. Чаро ин корро кардааст, ҳоло маълум нест” - гуфт, манбаъ.
Бино ба иттилоъ ин манбаъ зимнан нисбати посбони бино бар асоси моддаи 255 (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр) парванда боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Сӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шаби 19 ба 20 сентябр рух дод.
Дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 400 метри мураббаъ боми бинои таълими ва дасрсхонаҳо ба коми оташ рафт.
Мақомот барои хомӯш кардани алангаи оташ 13 мошини обпош аз шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он сафарбар кардаанд.
Бо кӯмаки сӯхторнишонҳо беш аз 2 миллион сомонӣ иншоот ва атрофи бино аз коми оташ наҷот дода шудааст.
Идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳозир ҳаҷми зарари расида аз ин ҳодиса маълум мекунанд.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 289 ҳодисаи сар задани сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст.