https://sputnik.tj/20230925/shoygu-putin-kornamoi-nizomi-yake-unvoni-qahramoni-1059586675.html
Шойгу ба Путин аз корнамоии 5 низомӣ гуфт: Яке ба унвони қаҳрамонӣ пешниҳод шудаст
Шойгу ба Путин аз корнамоии 5 низомӣ гуфт: Яке ба унвони қаҳрамонӣ пешниҳод шудаст
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи панҷнафарии низомиёни Русия дар минтақаи амалиёти низомӣ ҳамлаи гуруҳи ба маротиб бештари нерӯҳои украиниро пас гардондааст
2023-09-25T21:00+0500
2023-09-25T21:00+0500
2023-09-25T21:00+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
владимир путин
сергей шойгу
қаҳрамон
украина
амалиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0c/1056394853_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6c8d7936a5032799b2ed06c23e6b8682.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу ба президенти кишвар, Владимир Путин дар бораи корнамоии ҷангии низомиёни рус дар маҳаллаи Урожайное муфассал қисса кард. Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков иттилоъ дод. "Рӯзе пеш вазири дифоъ Шойгу ба президент дар бораи ҷанги қаҳрамонона дар деҳаи Урожайное, ки бачаҳои мо ҳамроҳи фармондеҳи худ, командири взвод (Иван - идора) Калашников доданд, муфассал гузориш дод", - гуфт Песков. Вай хоттиррасон намуд, ки фармондеҳи ин гуруҳ Иван Калашников барои гирифтани унвони қаҳрамони Русия пешбарӣ шудаст. Қаблан Вазорати мудофиаи Русия хабар дода буд, ки панҷ низомии кишвар аз бригадаи 37-ум, ҳамлаи дувоздаҳ сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро пас гардонда, онҳоро маҷбур кардаанд, ки дар наздикии рустои Урожайное дар самти Южнодонетск фирор кунанд.Ба иттилои ин ниҳод, аз миёни гуруҳи низомиёни Русия, ноиби фармондеҳи взвод, Калашников оташи асосиро ба самти худ кашида буд ва ду ҷанговари дигар аз канор тирандозӣ менамуданд. Аз миёни гуруҳи панҷнафарӣ ду нафар захмӣ шуданд, аммо касе ақибнишинӣ накард, афзуд манбаъ. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз оғози моҳи июн дар самтҳои Запороже, Южнодонетск ва Артёмовск ба ҳамлаи ҷавобӣ шурӯъ кардаанд, аммо ба иттилои мақомоти Русия дар ҳеч яке аз самтҳо ба муваффақият даст наёфтанд.
https://sputnik.tj/20230924/lavrov-maskav-ehtirom-tamomiyat-arzi-ukraina-1059559205.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0c/1056394853_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_fe93eca028a4264e891f12e24ea4af78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иван калашников, қаҳрамон, унвон, русия, шойгу, путин
иван калашников, қаҳрамон, унвон, русия, шойгу, путин
Шойгу ба Путин аз корнамоии 5 низомӣ гуфт: Яке ба унвони қаҳрамонӣ пешниҳод шудаст
Гуруҳи панҷнафарии низомиёни Русия дар минтақаи амалиёти низомӣ ҳамлаи гуруҳи ба маротиб бештари нерӯҳои украиниро пас гардондааст
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу ба президенти кишвар, Владимир Путин дар бораи корнамоии ҷангии низомиёни рус дар маҳаллаи Урожайное муфассал қисса кард.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков иттилоъ дод.
"Рӯзе пеш вазири дифоъ Шойгу ба президент дар бораи ҷанги қаҳрамонона дар деҳаи Урожайное, ки бачаҳои мо ҳамроҳи фармондеҳи худ, командири взвод (Иван - идора) Калашников доданд, муфассал гузориш дод", - гуфт Песков.
Вай хоттиррасон намуд, ки фармондеҳи ин гуруҳ Иван Калашников барои гирифтани унвони қаҳрамони Русия пешбарӣ шудаст.
Қаблан Вазорати мудофиаи Русия хабар дода буд, ки панҷ низомии кишвар аз бригадаи 37-ум, ҳамлаи дувоздаҳ сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро пас гардонда, онҳоро маҷбур кардаанд, ки дар наздикии рустои Урожайное дар самти Южнодонетск фирор кунанд.
Ба иттилои ин ниҳод, аз миёни гуруҳи низомиёни Русия, ноиби фармондеҳи взвод, Калашников оташи асосиро ба самти худ кашида буд ва ду ҷанговари дигар аз канор тирандозӣ менамуданд. Аз миёни гуруҳи панҷнафарӣ ду нафар захмӣ шуданд, аммо касе ақибнишинӣ накард, афзуд манбаъ.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз оғози моҳи июн дар самтҳои Запороже, Южнодонетск ва Артёмовск ба ҳамлаи ҷавобӣ шурӯъ кардаанд, аммо ба иттилои мақомоти Русия дар ҳеч яке аз самтҳо ба муваффақият даст наёфтанд.