Мақомот: муттаҳамон дар марги овозхони ҷавон дар боздоштанд

© Акс аз саҳифаи Некрӯз Ниёзов дар шабакаҳои иҷтимоӣНекрӯз Ниёзов, овозхони ғӯрамарги тоҷик, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ҷон дод
Некрӯз Ниёзов, овозхони ғӯрамарги тоҷик, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ҷон дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Обуна шудан
Манбаъ аз мақомоти умури дохилии Душанбе гуфт, ронандаҳои ҷавон дар нақзи қоидаҳои ҳаракат, ки боиси марги як нафар шудааст, муттаҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ронандаҳои "Лексус"-ҳое, ки дар пойтахти Тоҷикистон сабаби марги овозхони ҷавон гардиданд, феълан дар боздошт мебошанд.
Як манбаъ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ронандаҳои муттаҳам ҷавонони 18 ва 19-сола пас аз сар задани садама зуд боздошт шуданд ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Тибқи иттилои дастрасшуда, яке аз ронандагон писари ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон аст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бар асари нақзи қоидаҳои ҳаракат аз сӯи ронандаҳои "Лексус", ситораи ҷавони тоҷик, Некрӯз Ниёзов дар шаҳри Душанбе, ки дар канори роҳ қарор дошт, зери чархи мошин монду баъдан дар бемористон ҷон дод.
Некрӯз Ниёзов, овозхони ғӯрамарги тоҷик, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ҷон дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
"Лексус"-и ҷавони 18-сола Некрӯз Ниёзовро зер кардаст: Шарҳи ВКД
ВУД хабар дода буд, ки ҳодисаи мазкур шаби 21 ба 22 сентябри соли равон рух дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мошини "Лексус", таҳти идораи сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Аҳмади Дониш, аз самти кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии халқҳо бо "Лексус"-и дигар таҳти идораи сокини 19-солаи пойтахт бархӯрдаст.
Таъкид шудаст, ки дар пайи бархӯрд "Лексус" пиёдагарди дар канори роҳ қарор дошта, шаҳрванд Ниёзов Некрӯз, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0