https://sputnik.tj/20230922/leksus-nekruz-niyozovro-zer-vkd-1059527804.html
"Лексус"-и ҷавони 18-сола Некрӯз Ниёзовро зер кардаст: Шарҳи ВКД
"Лексус"-и ҷавони 18-сола Некрӯз Ниёзовро зер кардаст: Шарҳи ВКД
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе садамаи маргборро, ки боиси ҳалокати ситораи эстрадаи тоҷик гардидааст, шарҳ дода, омилони онро ном бурд
2023-09-22T12:22+0500
2023-09-22T12:22+0500
2023-09-22T12:24+0500
дар тоҷикистон
ҳалокат
санъат
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059527264_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_1232f8e8e631c1c331cc21888e081d06.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ситораи ҷавони тоҷик, Некрӯз Ниёзовро, ки дар шаҳри Душанбе дар канори роҳ қарор доштааст, мошини "Лексус" зер кардааст. Ба иттилои мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли равон, тахминан соати 22:30 садамаи нақлиётии маргбор, ки боиси марги пиёдагард шудааст, рух додаст. Манбаъ тавзеҳ дод, ки мошини "Лексус", таҳти идораи сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Аҳмади Дониш, аз самти кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии халқҳо бо "Лексус"-и дигар таҳти идораи сокини 19-солаи пойтахт бархӯрдаст. Таъкид шудаст, ки дар пайи бархӯрд "Лексус" пиёдагарди дар канори роҳ қарор дошта, шаҳрванд Ниёзов Некрӯз, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст. "Пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи "Шифобахш" бистарӣ шудааст, аммо субҳи 22-юми сентябр ба ҳалокат расид", - омадааст дар иттилоия. Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд. Некрӯз Ниёзов оҳангсоз ва овозхони шинохтаи тоҷик буд, ки агар умр вафо мекард, ки моҳи октябри соли равон 28-солагияшро таҷлил мекард.
https://sputnik.tj/20230922/sadama-sitorai-javon-estrada-tojik-1059526551.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059527264_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_e59726571a41ac33167927256869011f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бархӯрд, лексус, ниёзов, садама, маргбор, эстрада
бархӯрд, лексус, ниёзов, садама, маргбор, эстрада
"Лексус"-и ҷавони 18-сола Некрӯз Ниёзовро зер кардаст: Шарҳи ВКД
12:22 22.09.2023 (Навсозишуда: 12:24 22.09.2023) Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе садамаи маргборро, ки боиси ҳалокати ситораи эстрадаи тоҷик гардидааст, шарҳ дода, омилони онро ном бурд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ситораи ҷавони тоҷик, Некрӯз Ниёзовро, ки дар шаҳри Душанбе дар канори роҳ қарор доштааст, мошини "Лексус" зер кардааст.
Ба иттилои мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли равон, тахминан соати 22:30 садамаи нақлиётии маргбор, ки боиси марги пиёдагард шудааст, рух додаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мошини "Лексус", таҳти идораи сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Аҳмади Дониш, аз самти кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии халқҳо бо "Лексус"-и дигар таҳти идораи сокини 19-солаи пойтахт бархӯрдаст.
Таъкид шудаст, ки дар пайи бархӯрд "Лексус" пиёдагарди дар канори роҳ қарор дошта, шаҳрванд Ниёзов Некрӯз, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст.
"Пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи "Шифобахш" бистарӣ шудааст, аммо субҳи 22-юми сентябр ба ҳалокат расид", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд.
Некрӯз Ниёзов оҳангсоз ва овозхони шинохтаи тоҷик буд, ки агар умр вафо мекард, ки моҳи октябри соли равон 28-солагияшро таҷлил мекард.