Дар Душанбе фестивали лӯхтак баргузор мешавад

© Sputnik Традиционные сувенирные таджикские игрушки
Традиционные сувенирные таджикские игрушки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Обуна шудан
Дар доираи ин ҷашнвора тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Аз 24 то 29 октябр дар Душанбе Фестивали VII байнулмилалии лухтак бо номи “Чодари хаёл” баргузор мешавад.
Дар ин бора аз Театри давлатии лӯхтаки пойтахти Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи аслии ин ҷашнвора таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии тоҷик ва ҳамчунин тарбияи фарҳангии насли наврас мебошад.
Дар чорчӯби ин ҷашнвора тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд.
Кресла в зрительном зале театра, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2023
Ҷоизаи филмофарони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон
Ғайр аз ин, донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар фестивали "Чодари хаёл" баромад мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар намоишгоҳ Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши "Маликаи маккор", театри Бӯстон намоиши "Ҳинди тиллоӣ" ва театри Бохтар "Хари маккор"-ро пешкаши ҳаводорон хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0