https://sputnik.tj/20230910/joiza-film-tojik-jashnvorai-film-1059307061.html
Ҷоизаи филмофарони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон
Ҷоизаи филмофарони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон
Sputnik Тоҷикистон
Филми коргардонҳои тоҷик Муҳиддини Музаффар ва Алиҷон Ҷалилов дар номинаҳои мухталиф дар Ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон соҳиби ҷоиза гардиданд
2023-09-10T13:54+0500
2023-09-10T13:54+0500
2023-09-10T13:54+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
синамо
филм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055791100_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c2e56ed05b93800c7a72c97419e786e5.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ҷоизаи асосии Фестивали байналмиллалии филмҳои мусулмонӣ дар Қазонро "Бе маслиҳати пешакӣ"-и коргардони эронӣ, Беҳрӯз Шуайбӣ соҳиб шудааст. Дар ин бора баргузоркунандаҳои ҷашнвора иттилоъ дода, зикр намуданд, ки дар ҷашнвора беш аз 52 асар аз 21 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ пешниҳод шуданд. Филми "Дов"-и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар ва "Алиф.До.Ре.Ми"-и Алиҷон Ҷалилов соҳиби ҷоиза ва диплом шуданд."Беҳтарин филмнома"-ро "Дов" соҳиб гашта, коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов барои филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми" соҳиби дипломи Иттиҳоди киношиносон ва мунаққидони синамои Русия дар номинаи "Қадами аввал дар синамо" шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора се филм намояндагӣ мекарданд. Маросими ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии ба номи Галиаскар Камол баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20230825/sana-barguzori-sinamojashn-baynalmilali-toji-somon-1059031936.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055791100_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_943b46b76269e8b4b35a23ef50e9e4e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷашнвора, мусалмонӣ, тоҷик, ҷоиза, соҳиб
ҷашнвора, мусалмонӣ, тоҷик, ҷоиза, соҳиб
Ҷоизаи филмофарони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон
Филми коргардонҳои тоҷик Муҳиддини Музаффар ва Алиҷон Ҷалилов дар номинаҳои мухталиф дар Ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон соҳиби ҷоиза гардиданд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ҷоизаи асосии Фестивали байналмиллалии филмҳои мусулмонӣ дар Қазонро "Бе маслиҳати пешакӣ"-и коргардони эронӣ, Беҳрӯз Шуайбӣ соҳиб шудааст.
Дар ин бора баргузоркунандаҳои ҷашнвора иттилоъ дода, зикр намуданд, ки дар ҷашнвора беш аз 52 асар аз 21 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ пешниҳод шуданд.
Филми "Дов"-и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар ва "Алиф.До.Ре.Ми"-и Алиҷон Ҷалилов соҳиби ҷоиза ва диплом шуданд.
"Беҳтарин филмнома"-ро "Дов" соҳиб гашта, коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов барои филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми" соҳиби дипломи Иттиҳоди киношиносон ва мунаққидони синамои Русия дар номинаи "Қадами аввал дар синамо" шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора се филм намояндагӣ мекарданд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии ба номи Галиаскар Камол баргузор гардид.