https://sputnik.tj/20230925/1059583015.html
Фурухта мешавад: Бӯстонсарои фаромушшудаи Сталин дар чӣ аҳвол аст – видео
Фурухта мешавад: Бӯстонсарои фаромушшудаи Сталин дар чӣ аҳвол аст – видео
Sputnik Тоҷикистон
Бустонсарои фарсудаи раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Сталин дар Липки-Алексеевское дар Митишии вилояти назди Маскав моҳи ноябр ба фуруш гузошта мешавад
2023-09-25T18:32+0500
2023-09-25T18:32+0500
2023-09-25T18:32+0500
сталин
видео
бӯстонсарои ҳукуматӣ
фаромушӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/19/1059583191_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_32854f42db7282dfc48e06dc7c7dc157.jpg
Дар солҳои 1930 дар минтақа яке аз бӯстонсароҳои Иосиф Сталин ҷойгир буд, ки нархи ибтидоии он қариб 11 млн доллар аст. Наворро тамошо кунед, то бубинед, ки бинои форомушшуда дар чӣ аҳвол қарор дорад.Ин иншоот, ки қароргоҳи хонаводаи тоҷирони Алексеевҳо буд ва баъдан аз ҷониби тоҷири рус Моритс Марк харида шуда буд, пас аз инқилоби соли 1917 ба ихтиёри давлат гузашт ва баъдан ба яке аз қароргоҳҳои Иосиф Сталин табдил ёфт.Сохиби охирини иншоот, аз руи маълумотхо, аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС Лев Зайков буд.Ҳукумати Душанбе хабари тахриби хона-музейи Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистонро шарҳ додНаворҳое, ки агентии Ruptly нашр кардааст, нишон медиҳад, ки қароргоҳи собиқи раҳбари шӯравӣ ҳоло дар чӣ аҳвол қарор дорад. Дохили хонаҳо вайрон шуда, гаҷ аз деворҳо рехтааст, деворхо шикаста, пора-пораҳои ҷевонҳои куҳна хобидаанд. Деворҳои берунии бино ва муҷассамаҳои боғ низ осеб дидаанд.Сергей Егоров аъзои Иттиҳодияи минтақашиносони Русия мегяд: “Сталин бештар аз бӯстонсарои худ дар Кунтсево истифода мекард. Аммо дар солҳои 30 масъалаи бӯстонсарои каме дуртар аз Маскав ба миён омад. Роҳбарият ҳамин бустонсароро пешниҳод кард. Ин бустонсаро наздик ба маскав дар ҷойи кам одам ҷойгир аст. бино бисёр зебо ва парки зебо доард. Ин бино ҳам метавонад ба ҳайси истироҳатгоҳ ё меҳмонхона хидмат намояд”.Беҳтарин осорхонаи Тоҷикистонро муайян мекунандБино ба маълумоти корпоратсияи давлатии DOM.RF, ин амвол аз соли 2004 ба ин сӯ партофта шудааст ва бино ба барқарорсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Иморат макони мероси фарҳангии дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад, аз ин рӯ соҳиби нав бояд онро ба шакли аввалааш барқарор кунад.Музоядаи фурӯши ин бино дар Липки-Алексеевское 3 ноябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Барои ширкат дар музояда гарави 80,7 млн рубл (тақрибан 2,19 млн доллар) лозим аст ва нархи ибтидоии амвол дар музояда 403 млн рубл (10,9 млн доллар) мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/19/1059583191_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_8d0d7def6b18a6f4c6ce4acc73fe02e5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, хона, сталин, бустонсаро, аҳвол, вилояти маскав
видео, хона, сталин, бустонсаро, аҳвол, вилояти маскав
Фурухта мешавад: Бӯстонсарои фаромушшудаи Сталин дар чӣ аҳвол аст – видео
Бӯстонсарои фарсудаи раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Сталин дар Липки-Алексеевское дар Митишии вилояти назди Маскав моҳи ноябр ба фуруш гузошта мешавад
Дар солҳои 1930 дар минтақа яке аз бӯстонсароҳои Иосиф Сталин ҷойгир буд, ки нархи ибтидоии он қариб 11 млн доллар аст. Наворро тамошо кунед, то бубинед, ки бинои форомушшуда дар чӣ аҳвол қарор дорад.
Ин иншоот, ки қароргоҳи хонаводаи тоҷирони Алексеевҳо буд ва баъдан аз ҷониби тоҷири рус Моритс Марк харида шуда буд, пас аз инқилоби соли 1917 ба ихтиёри давлат гузашт ва баъдан ба яке аз қароргоҳҳои Иосиф Сталин табдил ёфт.
Сохиби охирини иншоот, аз руи маълумотхо, аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС Лев Зайков буд.
Наворҳое, ки агентии Ruptly нашр кардааст, нишон медиҳад, ки қароргоҳи собиқи раҳбари шӯравӣ ҳоло дар чӣ аҳвол қарор дорад. Дохили хонаҳо вайрон шуда, гаҷ аз деворҳо рехтааст, деворхо шикаста, пора-пораҳои ҷевонҳои куҳна хобидаанд. Деворҳои берунии бино ва муҷассамаҳои боғ низ осеб дидаанд.
Сергей Егоров аъзои Иттиҳодияи минтақашиносони Русия мегяд: “Сталин бештар аз бӯстонсарои худ дар Кунтсево истифода мекард. Аммо дар солҳои 30 масъалаи бӯстонсарои каме дуртар аз Маскав ба миён омад. Роҳбарият ҳамин бустонсароро пешниҳод кард. Ин бустонсаро наздик ба маскав дар ҷойи кам одам ҷойгир аст. бино бисёр зебо ва парки зебо доард. Ин бино ҳам метавонад ба ҳайси истироҳатгоҳ ё меҳмонхона хидмат намояд”.
Бино ба маълумоти корпоратсияи давлатии DOM.RF, ин амвол аз соли 2004 ба ин сӯ партофта шудааст ва бино ба барқарорсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Иморат макони мероси фарҳангии дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад, аз ин рӯ соҳиби нав бояд онро ба шакли аввалааш барқарор кунад.
Музоядаи фурӯши ин бино дар Липки-Алексеевское 3 ноябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Барои ширкат дар музояда гарави 80,7 млн рубл (тақрибан 2,19 млн доллар) лозим аст ва нархи ибтидоии амвол дар музояда 403 млн рубл (10,9 млн доллар) мебошад.