https://sputnik.tj/20230924/rusiya-namoishgohi-sokhtmon-tojikiston-1059562508.html
Русия дар намоишгоҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон иштирок мекунад
Русия дар намоишгоҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон иштирок мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони соҳаи сохтмонии Русия дар намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони "TajBUILD-2023" дар пойтахти Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард
2023-09-24T15:55+0500
2023-09-24T15:55+0500
2023-09-24T15:55+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
намоишгоҳ
байналмилалӣ
душанбе
лоиҳаи меъморӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102214/20/1022142021_0:0:2500:1407_1920x0_80_0_0_1c3375ad439f8732f7dc15ebd8e9cb65.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Даҳҳо ширкати сохтмонии дохилу хориҷи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе техникаю таҷрибаашонро пешниҳод карда, барои таҳкими ҳамкорӣ музокирот мекунанд. Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони "TajBUILD-2023" аз 12 то 14 октябр дар пойтахт баргузор мегардад. Манбаъ афзуд, ки намояндагони бахши сохтмонии 5 давлати хориҷӣ, аз ҷумла Русия дар ин ҳамоиш иштирок хоҳанд дошт. "Дар намоиши "TajBUILD-2023" беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки ширкатҳои иштирокдор дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техникаю таҷҳизот, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморияшонро пешниҳоди тамошобинон ва шарикони эҳтимолӣ хоҳанд кард. Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ фурсати муносиб барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони ширкатҳои дигар мебошад. Иштирокдорон метавонанд дар доираи ин намоишгоҳ шарикону ҳамкорони ҷадид пайдо кунанд, афзуд Палатаи савдо ва саноат.
https://sputnik.tj/20230914/afzoishi-korho-sokhtmon-qalamravi-kishvarhoi-iiao-1059389677.html
душанбе
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102214/20/1022142021_277:0:2500:1667_1920x0_80_0_0_7b7d0a9653dacc71343d4451316f6531.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, пойтахт, сохтмонӣ, мизбон, тоҷикистон
душанбе, пойтахт, сохтмонӣ, мизбон, тоҷикистон
Русия дар намоишгоҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон иштирок мекунад
Намояндагони соҳаи сохтмонии Русия дар намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони "TajBUILD-2023" дар пойтахти Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Даҳҳо ширкати сохтмонии дохилу хориҷи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе техникаю таҷрибаашонро пешниҳод карда, барои таҳкими ҳамкорӣ музокирот мекунанд.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони "TajBUILD-2023" аз 12 то 14 октябр дар пойтахт баргузор мегардад.
Манбаъ афзуд, ки намояндагони бахши сохтмонии 5 давлати хориҷӣ, аз ҷумла Русия дар ин ҳамоиш иштирок хоҳанд дошт.
"Дар намоиши "TajBUILD-2023" беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки ширкатҳои иштирокдор дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техникаю таҷҳизот, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморияшонро пешниҳоди тамошобинон ва шарикони эҳтимолӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ фурсати муносиб барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони ширкатҳои дигар мебошад.
Иштирокдорон метавонанд дар доираи ин намоишгоҳ шарикону ҳамкорони ҷадид пайдо кунанд, афзуд Палатаи савдо ва саноат.