https://sputnik.tj/20230924/rohkiro-khujand-qr-kod-video-1059565980.html
Роҳкиро дар Хуҷанд бо QR-код пардохта мешавад - видео
Роҳкиро дар Хуҷанд бо QR-код пардохта мешавад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои мусофирбарии Хуҷанд талош доранд, пардохти роҳкироро ба таври электронӣ роҳандозӣ намоянд ва омодагиҳо ба кор бо чунин шева идома доранд
2023-09-24T17:55+0500
2023-09-24T17:55+0500
2023-09-24T17:55+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
пардохт
электронӣ
суғд
мусофирбар
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1a/1059616160_0:14:1315:754_1920x0_80_0_0_3e6578adc995db60c9d85d11b40fcd04.jpg
Дар шуморе аз микроавтобусҳои мусофирбарӣ дар шаҳри Хуҷанд насби QR-кодҳои бонкӣ идома дорад.Мудири кулли ширкати мусофирбарии “Сорбон”, Абдуаҳад Шарипов мегӯяд, ҳоло ронандаҳо низ барои ҷорисозии ин низоми нави пардохт омода карда мешаванд. Қарор аст сар аз аввали моҳи октябр низоми пардохти роҳкиро тавассути QR-код дар мусофирбарҳои Хуҷанд фаъол карда шавад.Гуфта мешавад, низоми пардохти онлайнии роҳкиро дар Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо бонки Имон роҳандозӣ шуда, бонкҳои дигар низ метавонанд дар ин самт фаъол шаванд.Бино ба гуфти масъулини ширкатҳои мусофирбарӣ қарор аст то поёни соли ҷорӣ дар беш аз 350 мусофирбарҳо, ки дар 30 хатсайри байнишаҳрӣ ва байниноҳиявӣ амал мекунанд, чунин низоми нави пардохт насб карда шавад.Афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ дар ТоҷикистонАбуаҳад Шарипов ҷорӣ намудани чунин низоми пардохти роҳкироро талаботи замон ва “фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон” хонд.Ду соли пеш масъулин барои нахустин бор дар автобусҳои Хуҷанд пардохти роҳкироро тариқи кортҳои пластикиро роҳандозӣ карданд, аммо баъдтар маълум шуд, ки чандон ба ин кор муваффақ нашуданд.Ҳоло насби QR кодҳои бонкӣ дар микроавтобусҳо дар маркази устони Суғд бори аввал аст, ки роҳандозӣ мешавад.
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1a/1059616160_188:0:1235:785_1920x0_80_0_0_1ac65ea1fadc33eb2352e953eeb17601.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пардохт, электронӣ, роҳкиро, хуҷанд, татбиқ, мусофирбар
пардохт, электронӣ, роҳкиро, хуҷанд, татбиқ, мусофирбар
Роҳкиро дар Хуҷанд бо QR-код пардохта мешавад - видео
Ширкатҳои мусофирбарии Хуҷанд талош доранд, пардохти роҳкироро ба таври электронӣ роҳандозӣ намоянд ва омодагиҳо ба кор бо чунин шева идома доранд
Дар шуморе аз микроавтобусҳои мусофирбарӣ дар шаҳри Хуҷанд насби QR-кодҳои бонкӣ идома дорад.
Мудири кулли ширкати мусофирбарии “Сорбон”, Абдуаҳад Шарипов мегӯяд, ҳоло ронандаҳо низ барои ҷорисозии ин низоми нави пардохт омода карда мешаванд. Қарор аст сар аз аввали моҳи октябр низоми пардохти роҳкиро тавассути QR-код дар мусофирбарҳои Хуҷанд фаъол карда шавад.
"Дар қадами аввал мо беш аз 130 ронандаро омода кардем, ки барои мусофирон дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ тариқи ғайринақдӣ хизмат расонида метавонанд" – иброз дошт ӯ.
Гуфта мешавад, низоми пардохти онлайнии роҳкиро дар Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо бонки Имон роҳандозӣ шуда, бонкҳои дигар низ метавонанд дар ин самт фаъол шаванд.
Бино ба гуфти масъулини ширкатҳои мусофирбарӣ қарор аст то поёни соли ҷорӣ дар беш аз 350 мусофирбарҳо, ки дар 30 хатсайри байнишаҳрӣ ва байниноҳиявӣ амал мекунанд, чунин низоми нави пардохт насб карда шавад.
Абуаҳад Шарипов ҷорӣ намудани чунин низоми пардохти роҳкироро талаботи замон ва “фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон” хонд.
Ду соли пеш масъулин барои нахустин бор дар автобусҳои Хуҷанд пардохти роҳкироро тариқи кортҳои пластикиро роҳандозӣ карданд, аммо баъдтар маълум шуд, ки чандон ба ин кор муваффақ нашуданд.
Ҳоло насби QR кодҳои бонкӣ дар микроавтобусҳо дар маркази устони Суғд бори аввал аст, ки роҳандозӣ мешавад.