https://sputnik.tj/20230811/tojikiston-pardokht-ghayrinaqdi-afzoish-1058781253.html
Дар Тоҷикистон теъдоди пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш меёбад
Дар Тоҷикистон теъдоди пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон омори шаш моҳи соли 2023 дар бораи тарзи пардохти аҳолӣ барои молу хизматрасониҳоро дар ҷумҳурӣ ироа кард
2023-08-11T18:03+0500
2023-08-11T18:03+0500
2023-08-11T20:56+0500
дар тоҷикистон
пардохт
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102408/61/1024086190_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_f5fefbd6c9fefe30f86be2ab6420d108.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш меёбад. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ намояндагони Бонки миллии ҷумҳурӣ изҳор доштанд. Қайд карда мешавад, ки 17% тамоми пардохтҳо дар шаш моҳи соли 2023 дар шакли электронӣ сурат гирифтааст. Манбаъ таъкид кард, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 6% зиёдтар аст. Аммо пардохтҳои нақдӣ ба маблағи 27,5 миллиард сомонӣ анҷом дода шуданд, ки ин ҳам нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2022 3 миллиард сомонӣ зиёд аст. Қаблан раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ иттиҳом дар бораи инҳисоргароӣ дар умури бонкиро рад карда, гуфта буд, ки тамоми сохторҳои бонкӣ дар бозор ҳуқуқҳои баробар доранд. Ба гуфтаи ӯ, "Амонатбонк" тамоми даромади имконпазирро аз гузариш ба пардохти ғайринақдӣ таъин намекунад. Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ин низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, баръакс, хароҷоти Амонатбонкро зиёд кардааст. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 июн Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, санади гузариши давлат ба пардохти ғайринақдии пардохтҳои воридшуда ба буҷаро имзо кард.Тибқи ин фармон, ки он аз якуми август ба ҳукми амал даромад, минбаъд тамоми хидматрасониҳо бо усули ғайринақдӣ сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20230811/tojikiston-muomilot-mol-rubl-somoni-afzoish-1058774583.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102408/61/1024086190_84:0:984:675_1920x0_80_0_0_f091a8c5b8338fba1946ec533600a08a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон пардохт ғайринақдӣ афзоиш
тоҷикистон пардохт ғайринақдӣ афзоиш
Дар Тоҷикистон теъдоди пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш меёбад
18:03 11.08.2023 (Навсозишуда: 20:56 11.08.2023) Бонки миллии Тоҷикистон омори шаш моҳи соли 2023 дар бораи тарзи пардохти аҳолӣ барои молу хизматрасониҳоро дар ҷумҳурӣ ироа кард
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш меёбад. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ намояндагони Бонки миллии ҷумҳурӣ изҳор доштанд.
Қайд карда мешавад, ки 17% тамоми пардохтҳо дар шаш моҳи соли 2023 дар шакли электронӣ сурат гирифтааст.
Манбаъ таъкид кард, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 6% зиёдтар аст.
"Дар ин давра ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ тавассути интиқоли бонкӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли 2022 2,5 миллиард сомонӣ зиёд аст", — гуфтанд дар Бонки миллӣ.
Аммо пардохтҳои нақдӣ ба маблағи 27,5 миллиард сомонӣ анҷом дода шуданд, ки ин ҳам нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2022 3 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Қаблан раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ иттиҳом дар бораи инҳисоргароӣ дар умури бонкиро рад карда, гуфта буд, ки тамоми сохторҳои бонкӣ дар бозор ҳуқуқҳои баробар доранд.
Ба гуфтаи ӯ, "Амонатбонк" тамоми даромади имконпазирро аз гузариш ба пардохти ғайринақдӣ таъин намекунад.
Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ин низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, баръакс, хароҷоти Амонатбонкро зиёд кардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 июн Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, санади гузариши давлат ба пардохти ғайринақдии пардохтҳои воридшуда ба буҷаро имзо кард.
Тибқи ин фармон, ки он аз якуми август ба ҳукми амал даромад, минбаъд тамоми хидматрасониҳо бо усули ғайринақдӣ сурат мегирад.