https://sputnik.tj/20230924/peshnihodi-besh-kor-khorugh-1059566709.html
Пешниҳоди беш аз 70 ҷойи кори холӣ ба корҷӯён дар Хоруғ
Пешниҳоди беш аз 70 ҷойи кори холӣ ба корҷӯён дар Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Дар ярмаркаи ҷойҳои холӣ ва вазифаҳои озод, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардидааст, кор дар иншооти бузурги бунёдшаванда дар ВМКБ пешниҳод шудааст
2023-09-24T18:52+0500
2023-09-24T18:52+0500
2023-09-24T18:52+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҷой
кор
иҷтимоӣ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042523509_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_796062851d9ef660f957084673c5a3a6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Шаҳрдории Хоруғ ва якҷоя бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба корҷӯён беш аз 70 ҷойи холии корӣ дар нуқоти мухталифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пешниҳод кардаанд. Ба иттилои шаҳрдорӣ, ба корҷӯён аз ҷумла 20 ҷойи кори холӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ироа шудааст, ки феълан сохтмони он идома дорад. Аз иншооти бузурги дигар дар ВМКБ, ки феълан сохтмони он идома дорад, роҳи мошингарди Дарвоз - Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон мебошад, ки дар он низ 20 ҷойи кори холӣ интизори корҷӯён мебошоад. Дохтмони купруки маҳаллаи Шарифобод дар худи шаҳри Хоруғ низ 20 ҷойи кори холӣ муҳайёст, афзуд шаҳрдорӣ. Манбаъ илова намуд, ки зиёда аз 10 адад ҷойҳои кории холии дигар дар идораву муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ пешниҳоди корҷуён шудаанд. Шаҳрдории Хоруғ гуфт, муроҷиаткунандагон дар асоси роҳхати бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр ба корхонаҳое, ки ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуда буданд, фиристода шуданд. Таъкид шудааст, ки тибқи нақша баргузории дигар чорабиниҳои марбута дар маркази ВМКБ идома хоҳанд ёфт. ВМКБ яке аз навоҳии дурдасти Тоҷикистон мебошад, ки аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ нисбатан ақибмонда арзёбӣ мешавад. идома доранд.Мақомот мегӯянд, то 35-солагии истиқлолиТоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бунёди беш аз 1 ҳазор иншоот ба маблағи зиёда 1 млрд сомонӣ дар назар мебошад.
https://sputnik.tj/20230908/sughd-namudi-mahsulot-sanoati-istehsol-1059271131.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042523509_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_2660f4b09049770b6c172f1b7dcb2797.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, ҷой, корӣ, холӣ, вмкб, иншоот, бунёд
пешниҳод, ҷой, корӣ, холӣ, вмкб, иншоот, бунёд
Пешниҳоди беш аз 70 ҷойи кори холӣ ба корҷӯён дар Хоруғ
Дар ярмаркаи ҷойҳои холӣ ва вазифаҳои озод, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардидааст, кор дар иншооти бузурги бунёдшаванда дар ВМКБ пешниҳод шудааст
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Шаҳрдории Хоруғ ва якҷоя бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба корҷӯён беш аз 70 ҷойи холии корӣ дар нуқоти мухталифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пешниҳод кардаанд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, ба корҷӯён аз ҷумла 20 ҷойи кори холӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ироа шудааст, ки феълан сохтмони он идома дорад.
Аз иншооти бузурги дигар дар ВМКБ, ки феълан сохтмони он идома дорад, роҳи мошингарди Дарвоз - Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон мебошад, ки дар он низ 20 ҷойи кори холӣ интизори корҷӯён мебошоад.
Дохтмони купруки маҳаллаи Шарифобод дар худи шаҳри Хоруғ низ 20 ҷойи кори холӣ муҳайёст, афзуд шаҳрдорӣ.
Манбаъ илова намуд, ки зиёда аз 10 адад ҷойҳои кории холии дигар дар идораву муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ пешниҳоди корҷуён шудаанд.
Шаҳрдории Хоруғ гуфт, муроҷиаткунандагон дар асоси роҳхати бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр ба корхонаҳое, ки ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуда буданд, фиристода шуданд.
Таъкид шудааст, ки тибқи нақша баргузории дигар чорабиниҳои марбута дар маркази ВМКБ идома хоҳанд ёфт.
ВМКБ яке аз навоҳии дурдасти Тоҷикистон мебошад, ки аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ нисбатан ақибмонда арзёбӣ мешавад. идома доранд.
Мақомот мегӯянд, то 35-солагии истиқлолиТоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бунёди беш аз 1 ҳазор иншоот ба маблағи зиёда 1 млрд сомонӣ дар назар мебошад.