https://sputnik.tj/20230908/sughd-namudi-mahsulot-sanoati-istehsol-1059271131.html
Суғд наздики 250 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад
Суғд наздики 250 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон, ки минтақаи нисбатан саноатии кишвар маҳсуб меёбад, тайи беш аз 30 соли Истиқлолият шумораи корхонаҳо қариб 1 ҳазор адад афзоиш ёфтаанд
2023-09-08T09:01+0500
2023-09-08T09:01+0500
2023-09-08T09:01+0500
дар тоҷикистон
саноат
истеҳсол
коргоҳ
тавлидот
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045622177_0:54:2047:1205_1920x0_80_0_0_fab4c312c669e2ffaf66bc2c825add7c.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар давоми 8 моҳи соли равон дар вилояти Суғд беш аз 200 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, зимни гузориш аз ҷаласаи идона бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи нав наздики 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фаъол гардид. Ҳукумати Суғд мегӯяд, айни ҳол дар қаламрави вилоят 1023 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд. Дар мавриди он, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, зикр шудааст, ки феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ зиёда аз 248 номгўйро фаро мегирад. "Аз соли 1991 то имрӯз шумораи корхонаҳои хурду калони саноатӣ 904 адад зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки соли 2022 ба маблағи беш аз 24 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум қариб 8 баробар зиёд мебошад. Манбаъ афзуд, ки дар умум маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2022 наздики 32 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум зиёда аз 65 баробар бештар аст.
https://sputnik.tj/20230906/rahmon-vurud-sarmoya-tekhnologiya-olmon-1059240455.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045622177_130:0:1947:1363_1920x0_80_0_0_56b35bd36961ca764451106c4944e035.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, корхона, вилоят, суғд, тавлидот, шимол, ҷумҳурӣ
афзоиш, корхона, вилоят, суғд, тавлидот, шимол, ҷумҳурӣ
Суғд наздики 250 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад
Дар шимоли Тоҷикистон, ки минтақаи нисбатан саноатии кишвар маҳсуб меёбад, тайи беш аз 30 соли Истиқлолият шумораи корхонаҳо қариб 1 ҳазор адад афзоиш ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар давоми 8 моҳи соли равон дар вилояти Суғд беш аз 200 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, зимни гузориш аз ҷаласаи идона бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи нав наздики 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фаъол гардид.
Ҳукумати Суғд мегӯяд, айни ҳол дар қаламрави вилоят 1023 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд.
Дар мавриди он, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, зикр шудааст, ки феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ зиёда аз 248 номгўйро фаро мегирад.
"Аз соли 1991 то имрӯз шумораи корхонаҳои хурду калони саноатӣ 904 адад зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки соли 2022 ба маблағи беш аз 24 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум қариб 8 баробар зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, ки дар умум маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2022 наздики 32 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум зиёда аз 65 баробар бештар аст.