https://sputnik.tj/20230923/rahmon-prezident-italiya-barqiya-tasliyat-irsol-kard-1059554466.html
Раҳмон ба президенти Италия барқияи таслият ирсол кард
Раҳмон ба президенти Италия барқияи таслият ирсол кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлат бинобар даргузашти собиқ раисҷумҳури Италия номаи ҳамдардӣ фиристода аз кишвардори феълӣ хост тасаллияти ӯро ба пайвандони марҳум расонанд
2023-09-23T18:48+0500
2023-09-23T18:48+0500
2023-09-23T19:45+0500
дар тоҷикистон
италия
иҷтимоъ
ҳамдардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057579417_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_8c0b8361415abaa6b315dffd2746c0c6.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои итолёии худ, Серчо Маттарелла барқияи тасаллӣ ирсол кард.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, таъкид намуд, ки номаи ҳамдардии роҳбари давлат бинобар даргузашти собиқ кишвардор, Ҷорҷо Наполитано фиристода шуд.Дар идомаи нома, роҳбари давлат зикр намудааст, ки ҷаноби Наполитано бо фаъолияти сиёсии доманадори худ ҳамчун шахсияти боризи давлатӣ дар ҷомеаи Италия ва берун аз он шинохти умум пайдо намуда, соҳиби обрӯву эътибори шоиста гардида буд.Раҳмон ба Модӣ номаи ҳамдардӣ ирсол кард"Тоҷикистон нақши марҳумро дар таҳкиму тавсеа ва рушди равобити неку ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Италия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорад", - зикр шудааст дар идомаи нома.Президенти Тоҷикистон аз ҳамтои итолёии худ хост, таъзияву таслияти самимии ӯро ба ҳамаи пайвандону наздикони Наполитано ва мардуми дӯсти Италия бирасонад.Президенти собиқи Италия ва сенатори якумрӣ Ҷорҷио Наполитано рӯзи ҷумъа дар синни 99-солагӣ дар Рум даргузашт. Ӯ аз моҳи майи соли 2006 то январи соли 2015 раҳбарии давлати Итолиёро бар ӯҳда дошт ва аввалин раиси ҷумҳури ин кишвар дар таърих шуд, ки барои давраи дуввум дубора интихоб шуд.
италия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057579417_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_7034710b96cc41aaf70be3ff9a6b4c5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон италия нома ҳамдардӣ
раҳмон италия нома ҳамдардӣ
Раҳмон ба президенти Италия барқияи таслият ирсол кард
18:48 23.09.2023 (Навсозишуда: 19:45 23.09.2023) Роҳбари давлат бинобар даргузашти собиқ раисҷумҳури Италия номаи ҳамдардӣ фиристода аз кишвардори феълӣ хост тасаллияти ӯро ба пайвандони марҳум расонанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои итолёии худ, Серчо Маттарелла барқияи тасаллӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, таъкид намуд, ки номаи ҳамдардии роҳбари давлат бинобар даргузашти собиқ кишвардор, Ҷорҷо Наполитано фиристода шуд.
"Хабари даргузашти собиқ президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷо Наполитано боиси андуҳи мо гардид", - омадааст дар номаи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идомаи нома, роҳбари давлат зикр намудааст, ки ҷаноби Наполитано бо фаъолияти сиёсии доманадори худ ҳамчун шахсияти боризи давлатӣ дар ҷомеаи Италия ва берун аз он шинохти умум пайдо намуда, соҳиби обрӯву эътибори шоиста гардида буд.
"Тоҷикистон нақши марҳумро дар таҳкиму тавсеа ва рушди равобити неку ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Италия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорад", - зикр шудааст дар идомаи нома.
Президенти Тоҷикистон аз ҳамтои итолёии худ хост, таъзияву таслияти самимии ӯро ба ҳамаи пайвандону наздикони Наполитано ва мардуми дӯсти Италия бирасонад.
Президенти собиқи Италия ва сенатори якумрӣ Ҷорҷио Наполитано рӯзи ҷумъа дар синни 99-солагӣ дар Рум даргузашт.
Ӯ аз моҳи майи соли 2006 то январи соли 2015 раҳбарии давлати Итолиёро бар ӯҳда дошт ва аввалин раиси ҷумҳури ин кишвар дар таърих шуд, ки барои давраи дуввум дубора интихоб шуд.