https://sputnik.tj/20230923/dar-hanchzhou-rasman-parchami-tojikiston-parafshon-shud-1059550020.html
Дар Ҳанчжоу расман парчами Тоҷикистон парафшон шуд
Дар Ҳанчжоу расман парчами Тоҷикистон парафшон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар деҳаи Бозиҳои осиёии Ҳанчжоу-2023 маросими расмии барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон баргузор шуд
2023-09-23T12:25+0500
2023-09-23T12:25+0500
2023-09-23T12:25+0500
дар тоҷикистон
бозиҳои осиёӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/31/1022363197_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_e2cda6ee69f7ecedf66d092e18471e80.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Ҳанчжоуи Бозиҳои осиёӣ маросими барафрохтани парчами миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ин нишонаи расмии омадани даста аст. Дар ин маросим роҳбарияти тими миллӣ, намояндагон ва варзишгарони тоҷик ширкат доштанд. Ҷамъан дар Ҳанчжоу парчами 45 давлат парафшон шуд.Ҳамзамон, миёни намояндагони Тоҷикистон ва деҳаи Бозиҳои осиёӣ табодули тӯҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт. Қобили зикр аст, ки дар Бозиҳои XIX осиёӣ зиёда аз 100 варзишгари тоҷик аз рӯи 19 намуди варзиш иштирокмекунанд. Маросими ифтитоҳи ин мусобиқа рӯзи 23 сентябр баргузор мешавад.Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба варзишгарон ваъда дода буд, ки барои пирӯзӣ дар Бозиҳои осиёӣ онҳоро бо манзил таъмин хоҳад кард. Варзишгароне, ки дар Ҳанчжоу медали тилло соҳиб мешаванд, дар Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ хоҳанд гирифт. Ба гирандагони медали нуқра манзили дуҳуҷрагӣ ва барои биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ таҳдим мегардад.Бозиҳои осиёӣ аз соли 1952 дар чаҳор сол як маротиба таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат карда, 27 медал, аз ҷумла 4 тило, 6 нуқра ва 17 биринҷӣ ба даст овардааст.
https://sputnik.tj/20230918/rustami-emomali-medal-khona-1059454178.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/31/1022363197_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_469f9b28d8c8f79ac3664f857e26a28a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозиҳои олимпии осиё ҳанчжоу парчамтоҷикистон
бозиҳои олимпии осиё ҳанчжоу парчамтоҷикистон
Дар Ҳанчжоу расман парчами Тоҷикистон парафшон шуд
Дар деҳаи Бозиҳои осиёии Ҳанчжоу-2023 маросими расмии барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Ҳанчжоуи Бозиҳои осиёӣ маросими барафрохтани парчами миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ин нишонаи расмии омадани даста аст.
Дар ин маросим роҳбарияти тими миллӣ, намояндагон ва варзишгарони тоҷик ширкат доштанд.
Ҷамъан дар Ҳанчжоу парчами 45 давлат парафшон шуд.
Ҳамзамон, миёни намояндагони Тоҷикистон ва деҳаи Бозиҳои осиёӣ табодули тӯҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар Бозиҳои XIX осиёӣ зиёда аз 100 варзишгари тоҷик аз рӯи 19 намуди варзиш иштирокмекунанд. Маросими ифтитоҳи ин мусобиқа рӯзи 23 сентябр баргузор мешавад.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба варзишгарон ваъда дода буд, ки барои пирӯзӣ дар Бозиҳои осиёӣ онҳоро бо манзил таъмин хоҳад кард. Варзишгароне, ки дар Ҳанчжоу медали тилло соҳиб мешаванд, дар Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ хоҳанд гирифт. Ба гирандагони медали нуқра манзили дуҳуҷрагӣ ва барои биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ таҳдим мегардад.
Бозиҳои осиёӣ аз соли 1952 дар чаҳор сол як маротиба таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.
Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат карда, 27 медал, аз ҷумла 4 тило, 6 нуқра ва 17 биринҷӣ ба даст овардааст.