https://sputnik.tj/20230918/rustami-emomali-medal-khona-1059454178.html
Рустами Эмомалӣ барои ҳар медал ба варзишгарон хона ваъда дод
Рустами Эмомалӣ барои ҳар медал ба варзишгарон хона ваъда дод
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо тими олимпӣ, ки кишварро дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Чин муаррифӣ мекунанд, мулоқот намуд
2023-09-18T20:08+0500
2023-09-18T20:08+0500
2023-09-18T20:52+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
бозӣ
хона
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058070109_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_777439cfa14d9df553226aa9705d44fe.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сент - Sputnik. Барои ҳар медале, ки варзишгарони тоҷикистонӣ дар Бозиҳои Осиё дар Чин ба даст меоранд, шаҳрдории Душанбе манзили истиқоматӣ хоҳад дод. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, қарор дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгаронро раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ имзо кард. Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст. Маврид ба зикр аст, ки 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт.Тоҷикистонро 110 варзишгар аз рӯи 19 равияи варзишӣ дар ин бозиҳо намояндагӣ мекунанд. Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст. Ин ҷоиза дар ҳаҷми то 150 ҳазор сомонӣ ба варзишкороне пардохт карда мешавад, ки аз дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиёӣ нишони тилло мегирандВарзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали нуқра мегиранд 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулиро соҳиб хоҳад шуд.Бозиҳои Осиё шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок дошта, то ҳол варзишкорони тоҷик соҳиби ҷоизаҳои ин мусобиқа шудаанд.
https://sputnik.tj/20230918/parchambardoron-tojik-bozi-osiyo-1059446192.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058070109_93:0:2824:2048_1920x0_80_0_0_9b4bbfa7ad21477c7dfcb2e407fb2fcb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваъда, бозӣ, медал, хона, манзил, истиқоматӣ
ваъда, бозӣ, медал, хона, манзил, истиқоматӣ
Рустами Эмомалӣ барои ҳар медал ба варзишгарон хона ваъда дод
20:08 18.09.2023 (Навсозишуда: 20:52 18.09.2023) Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо тими олимпӣ, ки кишварро дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Чин муаррифӣ мекунанд, мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18 сент - Sputnik. Барои ҳар медале, ки варзишгарони тоҷикистонӣ дар Бозиҳои Осиё дар Чин ба даст меоранд, шаҳрдории Душанбе манзили истиқоматӣ хоҳад дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, қарор дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгаронро раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ имзо кард.
Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Маврид ба зикр аст, ки 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт.
Тоҷикистонро 110 варзишгар аз рӯи 19 равияи варзишӣ дар ин бозиҳо намояндагӣ мекунанд.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст. Ин ҷоиза дар ҳаҷми то 150 ҳазор сомонӣ ба варзишкороне пардохт карда мешавад, ки аз дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиёӣ нишони тилло мегиранд
Варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали нуқра мегиранд 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулиро соҳиб хоҳад шуд.
Бозиҳои Осиё шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок дошта, то ҳол варзишкорони тоҷик соҳиби ҷоизаҳои ин мусобиқа шудаанд.