https://sputnik.tj/20210924/qazoqiston-nimpaykara-kuchai-rudaki-1042471570.html
Дар Қазоқистон нимпайкара ва кӯчаи Рӯдакӣ пайдо шуд
Дар Қазоқистон нимпайкара ва кӯчаи Рӯдакӣ пайдо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон нимпайкара ва ҳамзхамон кӯчае ба номи сардафтари адабиёти классикии форусу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пайдо шуд
2021-09-24T12:02+0500
2021-09-24T12:02+0500
2021-09-24T14:52+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
рустами эмомалӣ
остона
абуабдуллоҳ рӯдакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042471541_0:0:1919:1080_1920x0_80_0_0_a1cb5f3b3d80cf30f8bd44e04d1de460.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳокими шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов дар ин шаҳр нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро рӯнамоӣ кардаанд.Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нурсултон (собиқ Остона) ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.Кӯчаи мазкур дар соҳили рости шаҳри Нурсултон, дар ноҳияи Алмаато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишули то кӯчаи Бейимбет Майлин идома меёбад, афзуд манбаъ.Нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳаи кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад. Гуфта мешавад, майдончаи назди нимпайкара бо 60 дарахти сӯзанбарг ва 400 гули садбарг ороста шуда, дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш ва дар он нишастгоҳҳо насб шудаанд.Муаллифи лоиҳаи нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.
https://sputnik.tj/20210923/dushanbe-nur-sulton-sanad-barodarshahr-imzo-1042463328.html
қазоқистон
остона
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042471541_27:0:1700:1255_1920x0_80_0_0_dce99114781cdf6ae363d4d01766cff9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон нимпайкара кӯча рӯдакӣ тоҷикистон
қазоқистон нимпайкара кӯча рӯдакӣ тоҷикистон
Дар Қазоқистон нимпайкара ва кӯчаи Рӯдакӣ пайдо шуд
12:02 24.09.2021 (Навсозишуда: 14:52 24.09.2021) Дар Қазоқистон нимпайкара ва ҳамзамон кӯчае ба номи сардафтари адабиёти классикии форусу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳокими шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов дар ин шаҳр нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро рӯнамоӣ кардаанд.
Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нурсултон (собиқ Остона) ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.
Кӯчаи мазкур дар соҳили рости шаҳри Нурсултон, дар ноҳияи Алмаато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишули то кӯчаи Бейимбет Майлин идома меёбад, афзуд манбаъ.
Нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳаи кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад.
Гуфта мешавад, майдончаи назди нимпайкара бо 60 дарахти сӯзанбарг ва 400 гули садбарг ороста шуда, дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш ва дар он нишастгоҳҳо насб шудаанд.
Муаллифи лоиҳаи нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.