Вазирони адлияи ИДМ ба Душанбе меоянд

© Foto / Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМФлаги и эмблема Содружества Независимых Государств
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 сентябр ҷаласаи 17-уми Шурои вазирони адлияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Дар ин бора Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ҷаласа имрӯз ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ доир шуд.
Ҷаласаи 17-уми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шурои вазирони мамлакатҳои иштирокчии ИДМ – Вазири адлияи Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он роҳбарони мақомоти адлияи Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.
Флаги СНГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Роҳбарони кишварҳои ИДМ санад дар бораи забони русӣ имзо мекунанд
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардида буд.
Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0