https://sputnik.tj/20230911/rohbaron-kishvar-idm-zabon-rusi-imzo-1059315517.html
Роҳбарони кишварҳои ИДМ санад дар бораи забони русӣ имзо мекунанд
Роҳбарони кишварҳои ИДМ санад дар бораи забони русӣ имзо мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдори баландпояи ҳукумати Русия аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай низ даъват кард, ки ба ташаббуси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавриди забони русӣ пайвандад
2023-09-11T12:15+0500
2023-09-11T12:15+0500
2023-09-11T12:15+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
забони русӣ
ҳамкорӣ
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/13/1046047199_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_70f2bebf8941f3629d9d0f3b2649c018.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зудӣ санади таъсиси созмони байналмилалии забони русиро имзо мекунанд. Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар Анҷумани иқтисодии шарқӣ иттилоъ дода, афзуд, ки Маскав аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай даъват мекунад, ки ба ин ташаббус бипайвандад. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кори муташаккилона барои амалӣ намудани идеяи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ идома дошта, гуруҳи махсуси корӣ фаъолият дорад. Дар гуруҳи вижа намояндагон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ширкат дошта, тарҳи шартномаро омода кардаанд. Пешниҳоди таъсиси Созмони байнулмилалии забони русиро бори нахуст моҳи декабри соли 2021 раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълон карда буд.Ин пешниҳод дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки моҳи октябри соли 2022 дар Остона баргузор шуд, пуштибонии васеъ пайдо кард.Ҳадафи Созмони байналмилалии забони русӣ дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ дар минтақаи ИДМ хоҳад буд.Ин сохтор ба ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун омили муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муошират мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230829/primakov-khohishmandon-omuzish-zaboni-rusi-afzoish-1059119707.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/13/1046047199_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_1b48347679e3c40268a03dff69dff180.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбарон, идм, забони русӣ, имзо, президентҳо, ташаббус
роҳбарон, идм, забони русӣ, имзо, президентҳо, ташаббус
Роҳбарони кишварҳои ИДМ санад дар бораи забони русӣ имзо мекунанд
Мақомдори баландпояи ҳукумати Русия аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай низ даъват кард, ки ба ташаббуси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавриди забони русӣ пайвандад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зудӣ санади таъсиси созмони байналмилалии забони русиро имзо мекунанд.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар Анҷумани иқтисодии шарқӣ иттилоъ дода, афзуд, ки Маскав аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай даъват мекунад, ки ба ин ташаббус бипайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кори муташаккилона барои амалӣ намудани идеяи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ идома дошта, гуруҳи махсуси корӣ фаъолият дорад.
Дар гуруҳи вижа намояндагон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ширкат дошта, тарҳи шартномаро омода кардаанд.
Пешниҳоди таъсиси Созмони байнулмилалии забони русиро бори нахуст моҳи декабри соли 2021 раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълон карда буд.
Ин пешниҳод дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки моҳи октябри соли 2022 дар Остона баргузор шуд, пуштибонии васеъ пайдо кард.
Ҳадафи Созмони байналмилалии забони русӣ дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ дар минтақаи ИДМ хоҳад буд.
Ин сохтор ба ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун омили муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муошират мусоидат хоҳад кард.