Муҳриддин бо ҳамтоёнаш омодагӣ ба Саммити Ояндаро баррасӣ кард

© Фото : пресс-служба Министерства иностранных дел ТаджикистанаМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Обуна шудан
Дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазирони корҳои хориҷӣ омодагӣ ба Саммити ояндаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сатҳи вазирон оид ба омодагӣ ба Саммити Оянда дар СММ иштирок кард.
Ба иттилои ВУХ, Сироҷиддин Муҳриддин дар ин ҳамоиш қайд кард, ки Саммити Оянда имконияти беназирро барои ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар самти ҳалли чолишҳои замони муосир мебошад.
Вазири ин тоҷик ин ҳамоишро фурсат барои такмили мудирияти равандҳои марбутаи ҷаҳонӣ ва тасдиқи ӯҳдадориҳои кишварҳо, аз ҷумла дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор хондаст.
Иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Кишварҳои ИДМ дар Самарқанд истифода ва ҳифзи қаъри заминро баррасӣ доранд
Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷумла ба масоили муҳити зист, об ва иқлим рӯй оварда, дар ин росто ба аҳамияти ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо таъкид кардаст.
Баргузории Саммити Оянда соли 2024 дар назар аст. Ба иттилои СММ, ин нишаст имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муҳим ва пур кардани холигиҳо дар идораи глобалӣ баррасӣ шаванд.
Саммити Оянда имкони беҳамтоест, ки барои барқарор кардани боварӣ ва мутобиқ кардани институтҳо ва сохторҳои бисёрҷонибаи кӯҳна ба ҷаҳони имрӯза, бар асоси баробарӣ ва ҳамбастагӣ мебошад, таъкид намудаст СММ.
Лентаи хабарҳо
0