https://sputnik.tj/20230922/idm-istifoda-va-hifzi-qari-zamin-barrasi-dorand-1059529340.html
Кишварҳои ИДМ дар Самарқанд истифода ва ҳифзи қаъри заминро баррасӣ доранд
Кишварҳои ИДМ дар Самарқанд истифода ва ҳифзи қаъри заминро баррасӣ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Самарқанд таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ оғоз шуд
2023-09-22T12:58+0500
2023-09-22T12:58+0500
2023-09-22T12:58+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
самарқанд
идм
маҷлис
омӯзиши қаъри замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059529124_0:180:1080:788_1920x0_80_0_0_7510411054a8ab8dd4e6ea64bed13449.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Тоҷикистон ба кор оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Саридораи геологияи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳисобот дар бораи фаъолияти Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин дар давраи байни ҷаласаҳои XXV ва XXVI шунида мешавад.Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки дар доираи ин ҷаласа, мулоқоти кории Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо директори Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Русия (Роснедра) Евгений Петров баргузор гардид.Манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқот татбиқи барнома тӯли як сол, инчунин масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бораи коркарди иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминиро баррасӣ намуданд.Ҳамчунин мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар ин дидор мубодилаи маълумот дар бораи махзанҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии истифодаи сарватҳои зеризаминии ду кишвар, мубодилаи таҷриба дар соҳаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ роҷеъ ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисони соҳаи геология мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
https://sputnik.tj/20230922/vazironi-adliyai-idm-dushanbe-1059523251.html
ӯзбекистон
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059529124_3:0:1080:808_1920x0_80_0_0_09b396e2eeb2902bea5e2bccf53dbb4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, идм, самарқанд, ҷаласа, истифода, қаъри замин
тоҷикистон, ӯзбекистон, идм, самарқанд, ҷаласа, истифода, қаъри замин
Кишварҳои ИДМ дар Самарқанд истифода ва ҳифзи қаъри заминро баррасӣ доранд
Дар Самарқанд таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Тоҷикистон ба кор оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Саридораи геологияи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳисобот дар бораи фаъолияти Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин дар давраи байни ҷаласаҳои XXV ва XXVI шунида мешавад.
Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки дар доираи ин ҷаласа, мулоқоти кории Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо директори Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Русия (Роснедра) Евгений Петров баргузор гардид.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқот татбиқи барнома тӯли як сол, инчунин масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бораи коркарди иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар ин дидор мубодилаи маълумот дар бораи махзанҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии истифодаи сарватҳои зеризаминии ду кишвар, мубодилаи таҷриба дар соҳаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ роҷеъ ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисони соҳаи геология мавриди баррасӣ қарор дода шуд.