https://sputnik.tj/20230922/intizori-rustamova-kamonvaroni-tojik-sarboz-1059534827.html
Интизории Рустамова аз камонварони тоҷик дар БО-2023: Сарбоз бояд азми генералӣ кунад
Интизории Рустамова аз камонварони тоҷик дар БО-2023: Сарбоз бояд азми генералӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Камонварони тоҷик, ки камонҳои нав гирифтаанд, барои ширкат дар Бозиҳои Осиё омодагӣ мегиранд ва дар назар аст 29 сентябр дар Ҳуангжоу ҳунарнамоӣ кунанд 22.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-22T19:00+0500
2023-09-22T19:00+0500
2023-09-22T19:00+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
камонварӣ
зебинисо рустамова
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101873/81/1018738165_0:62:2200:1300_1920x0_80_0_0_6086e0d5c80f79f74770b686d562aec1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Тими мунтахаби камонварони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Абдуғаффор Рустамов чаҳор варзишгар - Мавзуна Азимова, Роберт Нам, Абдумалик Ғаниев ва Салим Салимовро шомил мебошад. Ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, камонвари собиқадори тоҷик ва мураббии шинохта, Зебинисо Рустамова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, варзишкорон 29 сентябр озими ин бозиҳо мешаванд ва то он замон тамрини ҷиддӣ хоҳанд дошт. Вай афзуд, ки ахиран ба варзишкорон туҳфаи президент - камонҳои нав тақдим гардиданд, ки онҳоро танзиму мутобиқ месозему сипас ба Бозиҳои Осиё раҳсипор мекунем. "Ҳамаашон хеле ҷавонон, вале қобилият доранд .Салимов ва Ғаниев ҳанӯз 18 сол надоранд, аммо аллакай тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Роберт ва Мавзуна нисбатан ботаҷрибатаранд, дар бахши "микс" ҳунарнамоӣ мекунанду имкони мубориза барои ҷои аввалро доранд", - гуфт Рустамова. Камонвари шинохта гуфт, дар Тоҷикистон варзишгарони хуби умедбахш ҳастанд, ки бояд тамрин кунанду метавонанд дар оянда, дар мусобиқоти бузург Ватанро намояндагӣ кунанд. Зебинисо Рустамова бо зикри рақобати шадид дар бахши камонварӣ изҳор дошт, ки дар Бозиҳои Осиё варзишкорони тоҷик ҳамоно имкон барои гирифтани медалро доранд.Бад аст, он сарбозе, ки орзуи генералшавӣ надорад, таъкид намуд Рустамова ва таъкид кард, ки ба умеди медал барои намояндагони Тоҷикистон мухлисӣ бояд кард.
https://sputnik.tj/20230918/rustami-emomali-medal-khona-1059454178.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101873/81/1018738165_194:0:2007:1360_1920x0_80_0_0_393546f2f70eef6cfb5e915ff8f8a88f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, камонварӣ, зебинисо рустамова
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, камонварӣ, зебинисо рустамова
Интизории Рустамова аз камонварони тоҷик дар БО-2023: Сарбоз бояд азми генералӣ кунад
Камонварони тоҷик, ки камонҳои нав гирифтаанд, барои ширкат дар Бозиҳои Осиё омодагӣ мегиранд ва дар назар аст 29 сентябр дар Ҳуангжоу ҳунарнамоӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Тими мунтахаби камонварони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Абдуғаффор Рустамов чаҳор варзишгар - Мавзуна Азимова, Роберт Нам, Абдумалик Ғаниев ва Салим Салимовро шомил мебошад.
Ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, камонвари собиқадори тоҷик ва мураббии шинохта, Зебинисо Рустамова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, варзишкорон 29 сентябр озими ин бозиҳо мешаванд ва то он замон тамрини ҷиддӣ хоҳанд дошт.
Вай афзуд, ки ахиран ба варзишкорон туҳфаи президент - камонҳои нав тақдим гардиданд, ки онҳоро танзиму мутобиқ месозему сипас ба Бозиҳои Осиё раҳсипор мекунем.
"Ҳамаашон хеле ҷавонон, вале қобилият доранд .Салимов ва Ғаниев ҳанӯз 18 сол надоранд, аммо аллакай тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Роберт ва Мавзуна нисбатан ботаҷрибатаранд, дар бахши "микс" ҳунарнамоӣ мекунанду имкони мубориза барои ҷои аввалро доранд", - гуфт Рустамова.
Камонвари шинохта гуфт, дар Тоҷикистон варзишгарони хуби умедбахш ҳастанд, ки бояд тамрин кунанду метавонанд дар оянда, дар мусобиқоти бузург Ватанро намояндагӣ кунанд.
"Онҳо ҳанӯз ба тими мунтахаби кишвар ворид нашудаанд, аммо дар оянда имкон доранд. Салим Салимов ва Абдумалик Ғаниев қаблан дар тамринот дар Корея ширкат карда, дар мусобиқаҳо медалҳои нуқра ба даст овардаанд. Барои мо ин оғози кор аст", - гуфт ӯ.
Зебинисо Рустамова бо зикри рақобати шадид дар бахши камонварӣ изҳор дошт, ки дар Бозиҳои Осиё варзишкорони тоҷик ҳамоно имкон барои гирифтани медалро доранд.
Бад аст, он сарбозе, ки орзуи генералшавӣ надорад, таъкид намуд Рустамова ва таъкид кард, ки ба умеди медал барои намояндагони Тоҷикистон мухлисӣ бояд кард.