Ҳавасмандии Душанбе барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо Минск

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкРадиохимическая лаборатория
Радиохимическая лаборатория - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Обуна шудан
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бораи дурнамои ҳамкориҳо бо Беларус дар соҳаи илму техника сухан гуфта, хостори таҳкими он шуд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Белорус тасмим доранд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав бардоранд.
Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, зимни як ҳамоиш дар иттилоъ дод.
"Мо имконият дорем, ки лоиҳаҳои муштаракамонро баррасӣ намуда, самтҳои афзалиятноки корро муайян кунем", - қайд кард ӯ.
Бар асоси санадҳои имзошуда, олимони Тоҷикистон ва Беларус дар заминаи илму фанноварӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард, афзуд раиси Фарҳангистони улуми тоҷик.
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Раҳбари АМИТ Тоҷикистон раиси Шӯрои кайҳонии ИДМ шуд
Раҳимӣ ёдовар шуд, ки мутахассисони ду кишвар конфронсу симпозиумҳои муштарак баргузор мекунанд. Илова бар ин, кишварҳо барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ва ташкили таҷрибаомӯзии олимони ҷавон якҷоя кор мекунанд
Дар Тоҷикистон ҳамасола мактаб дар заминаи Фарҳангистони миллӣ дарҳои худро ба рӯи донишҷӯёни кишварҳои ИДМ боз мекунад. Дар байни иштироккунандагон аз ҷумла белорусҳо зиёданд, гуфт Раҳимӣ.
Вай қайд кард, ки Душанбе муддати тӯлонӣ бо Минск дар соҳаи илму техника ҳамкорӣ дошта, аз ҷумла комиссияи коршиносон дар бахши биология, кимиё, физика, математика ташкил карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0