Раҳбари АМИТ Тоҷикистон раиси Шӯрои кайҳонии ИДМ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Обуна шудан
Дар ҷаласаи Шӯрои кайҳонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе раиси ин созмон барои як соли баъдӣ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Сарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон раиси Шӯрои кайҳонии ИДМ шуд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Фарҳод Раҳимӣ барои соли 2024 раҳбари ин созмон шудааст.
"Аъзоёни Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ барои таъини Фарҳод Раҳимӣ якдилона овоз доданд", - хабар медиҳад манбаъ.
Ҳамин тариқ, рӯзҳои 21-22 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои кайҳонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад.
Флаги СНГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Роҳбарони кишварҳои ИДМ санад дар бораи забони русӣ имзо мекунанд
Шӯрои байнидавлатӣ оид ба кайҳон бо Созишномаи кишварҳои узви ИДМ дар бораи фаъолияти муштарак дар иктишоф ва истифодаи фазои кайҳон аз 30 декабри соли 1991 таъсис ёфтааст.
Он ниҳоди мутобиқкунандаи ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатии тадқиқ ва истифодаи фазои кайҳон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0