https://sputnik.tj/20230921/danghara-musobiqai-baynalmilali-gushtini-judo-1059512391.html
Данғара мизбони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо
Данғара мизбони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад
2023-09-21T14:32+0500
2023-09-21T14:32+0500
2023-09-21T14:32+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
гӯштини дзюдо
хатлон
данғара
ҷоми президенти тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057507159_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_5095720d9dc730bbe70814b9f1128dd6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 4-5 октябр мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мегардад.Дар ин бора сомонаи Рӯзномаи Хатлон хабардодааст.Ба иттилои манбаъ мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81кг, 90 кг, 100 кг, +100кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57кг ва -63 кг доир мегардад.Қайд карда шудааст, ки барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд.“Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷои якум 27 ҳазору 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 ҳазору 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд”, - иттилоъ додааст манбаъ.Ёдовар мекунем, ки 19-20 сентябри соли гузашта дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд.Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи гӯштини ҷудо аз соли 2013 то имрӯз баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20230629/gran-pri-dushanbe-judo--2024-barguzor-1057986799.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057507159_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_cd170dcb094bb09ac884afb7e09fd61f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, данғара, мусобиқаи бюайналмилалӣ, гӯштин, хатлон, ҷоми президент
тоҷикистон, варзиш, данғара, мусобиқаи бюайналмилалӣ, гӯштин, хатлон, ҷоми президент
Данғара мизбони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо
Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 4-5 октябр мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин бора сомонаи Рӯзномаи Хатлон хабардодааст.
Ба иттилои манбаъ мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81кг, 90 кг, 100 кг, +100кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57кг ва -63 кг доир мегардад.
Қайд карда шудааст, ки барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд.
“Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷои якум 27 ҳазору 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 ҳазору 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ёдовар мекунем, ки 19-20 сентябри соли гузашта дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд.
Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи гӯштини ҷудо аз соли 2013 то имрӯз баргузор мешавад.