Маълум шуд, ки Гран-при Душанбе оид ба ҷудо- 2024 кай баргузор мешавад

© SputnikТурнир по дзюдо в Душанбе
Турнир по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Обуна шудан
Федератсияи байналмилалии ҷудо тақвими бузургтарин мусобиқоти соли 2024-ро нашр кард, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Маълум шуд, ки Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо - 2024 кай баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа рӯзҳои 3-5 май баргузор шуда, оғози ҳар рӯз соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ дар назар аст.
Дигар мусобиқаҳои Гран-при дар Лиссабон (26-28 январ), Линс (7-9 март) ва Загреб (13-15 сентябр) баргузор мешаванд.
Илова бар ин, дар тақвиме, ки федератсия нашр кардааст, рӯзҳои баргузории мусобиқоти бузург дар пойтахтҳои Осиёи Марказиро нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, мусобиқаҳо 1—3 март дар Тошканд ва 10—12 май дар Алмаато барпо мегарданд.
Дзюдоист Комроншох Устопириен с национальным флагом Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Мавқеъи ҷудокорони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ иваз шуд: Кӣ дар кадом зина?
Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик дар Гран Прии Душанбе-2023 3 медали тилло ба даст оварданд.
Бино ба иттилоъи федерасиюни байналмилалии ҷудо, ҷоизаи олиро Обид Ҷебов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) дарёфт карданд.
Илова бар ин, паҳлавонони тоҷик низ 3 медали нуқра гирифтанд.
Дар вазни аз ҳама боло Темур Раҳимов аз варзишгари Русия Тамерлан Башаев, Шодмон Ризоев низ аз Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) аз ҷудокори рустабори тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков шикаст хӯрданд.
Дар ниҳоят, ягона биринҷӣ ба Тоҷикистонро Меҳрзод Сӯфиев, ки дар вазни -60 кг рақобат мекунад, овард.
Лентаи хабарҳо
0