Мулоқоти Алиризо Ҳақиқиён бо туҷҷору фаъолони иқтисодии эронии муқими Тоҷикистон

© Сафорати Эрон дар ТоҷикистонДидори сафири Эрон дар Душанбе бо тоҷирони эронии муқими Тоҷикистон
Дидори сафири Эрон дар Душанбе бо тоҷирони эронии муқими Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Обуна шудан
Сафири тозатаъйини Эрон дар Душанбе ахиран бо тоҷирону фаъолони иқтисодии эронии муқими Тоҷикистон дидору мулоқот кард
ДУШАНБЕ 21 сен – Sputnik. Ахиран сафири Эрон дар Душанбе Алиризо Ҳақиқиён дар бинои сафоратхона бо туҷҷору фаъолони иқтисодии эронии муқими Тоҷикистон дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст сафорат дар шабакаи telegram-и худ.
Ба иттилои манбаъ, оқои Ҳақиқиён ахиран дар нишасте бо ҷамъӣ бо туҷҷору фаъолони иқтисодии эронии муқими ин кишвар ба иштирокоти торихиву фарҳангӣ ва зарфиятҳои мавуӯд дар ду кишвар дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва иҷрои пружаҳои зербиноӣ ишора кард.
Ҳамчунин сафир бар лузуми ҳамфикрӣ ва ҳамафзоӣ ба манзури тавсеаи ҳамкориҳо байни Эрону Тоҷикистон таъкид кард.
Маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Эрон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2023
Сафири ҷадиди Эрон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супурд
Таъкид шудааст, ки дар ин нишаст ширкаткунандагон ба ташреҳи заминаҳои фаъолияти худ дар бахшҳои мухталиф пардохтанд.
Дар поён муқарар шуд мушкилоту мавонеъи фароруии ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар мавриди баррасии қарор гирифта нисбат ба ҳали онҳо иқдомоти дахлдор гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0