https://sputnik.tj/20230902/safiri-jadidi-eron-vaziri-khorijai-tojikiston-etimodnoma-1059182475.html
Сафири ҷадиди Эрон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супурд
Сафири ҷадиди Эрон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супурд
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран сафири тоза таъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе нусхаи эътимодномаашро ба вазии хориҷаи Тоҷикистон супурд
2023-09-02T09:33+0500
2023-09-02T09:33+0500
2023-09-02T09:33+0500
эрон
дар тоҷикистон
сафир
эътимоднома
вух-и тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/02/1059182225_0:134:1201:809_1920x0_80_0_0_bb90d80f242aed0f1dbdd97a97a3466c.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъйини Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиёнро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод.Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди равобити Тоҷикистон бо Эрон табодули назар намуданд.Қайд карда шудааст, ки вазир сафири тозатаъйинро бо оғози фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки ӯ ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли равон сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи пойтахт сафирро намояндагони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва кормандони сафорат истиқбол гирифтанд.Оқои Ҳақиқиён то қабл аз интисоб ба самти сафири Эрон дар Тоҷикистон масъулиятҳои мухталиф, аз ҷумла, мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон, сафири Эрон дар Покистонро дар савобиқ худ дорад.Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ пеш аз Ҳақиқиён ҳудуди панҷ сол сафири Эрон дар Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20230828/istiqbol-safiri-jadidi-eron-tojikiston-furudgoh-dushanbe-1059084050.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/02/1059182225_20:0:1180:870_1920x0_80_0_0_aae19dca4f6de078c30ad7206432fcc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, сафир, эътимоднома, сироҷиддин муҳриддин
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, сафир, эътимоднома, сироҷиддин муҳриддин
Сафири ҷадиди Эрон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супурд
Ахиран сафири тоза таъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе нусхаи эътимодномаашро ба вазии хориҷаи Тоҷикистон супурд
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъйини Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиёнро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди равобити Тоҷикистон бо Эрон табодули назар намуданд.
Қайд карда шудааст, ки вазир сафири тозатаъйинро бо оғози фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки ӯ ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли равон сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи пойтахт сафирро намояндагони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва кормандони сафорат истиқбол гирифтанд.
Оқои Ҳақиқиён то қабл аз интисоб ба самти сафири Эрон дар Тоҷикистон масъулиятҳои мухталиф, аз ҷумла, мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон, сафири Эрон дар Покистонро дар савобиқ худ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ пеш аз Ҳақиқиён ҳудуди панҷ сол сафири Эрон дар Тоҷикистон буд.