https://sputnik.tj/20230921/aliev-az-putin-baroi-margi-neruhoi-posdori-sulhi-rusiya-uzr-khost-1059519151.html
Алиев аз Путин барои марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия узр хост
Алиев аз Путин барои марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия узр хост
Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳи корпуси нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, ки зердастонаш дар марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия гунаҳкор аст, алакай барканор шудааст
2023-09-21T16:57+0500
2023-09-21T16:57+0500
2023-09-21T16:57+0500
озарбойҷон
арманистон
илҳом алиев
владимир путин
русия
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/15/1059518097_0:223:1901:1292_1920x0_80_0_0_31d2c06c7f983896ade7e6749d0d6779.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Масъулини марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғ муҷозот хоҳанд шуд. Дар ин бора Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар сӯҳбат бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт. Вай таъкид кард, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса анҷом хоҳад шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл. Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳо суҳбати телефонӣ анҷом доданд. "Дар ин замина додситонии кулли ду кишвар робитаи зич доранд", - омадааст дар изҳороти ҷониби Русия. Фармондеҳи корпуси нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, ки зердастонаш дар марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия гунаҳкор аст, алакай аз вазифааш барканор шудааст. Дар ҳамин ҳол, руасои ҷумҳури ду кишвар тавофуқ карданд, ки раванди музокироти сеҷониба бо ширкати Арманистон, ба хусус дар мавриди омода кардани тавофуқномаи сулҳ миёни Боку ва Ереван фаъол шавад. Сухан ҳамзамон дар бораи кушодани робитаҳои нақлиётӣ ва аломатгузории марзи Озарбойҷону Арманистон рафтааст, ки бояд анҷом шавад. Путин ва Алиев аҳамияти иҷрои пайгиронаи созишҳои ҳосилшуда дар бораи қатъи пурраи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳиро қайд карданд. Вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки як мошин бо нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар наздикии рустои Ҷанятоғи Қарабоғи Кӯҳӣ аз силоҳи оташфишон оташ гирифт ва низомиёни дохили он ҳалок шуданд.
https://sputnik.tj/20230920/ozarboyjon-otashbas-qaraboghi-kuhi-elon-1059490377.html
озарбойҷон
арманистон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/15/1059518097_78:0:1801:1292_1920x0_80_0_0_e02cb109aa0a93840766f765633ec670.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алиев путин марг нерӯҳо посдор сулҳ русия узр
алиев путин марг нерӯҳо посдор сулҳ русия узр
Алиев аз Путин барои марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия узр хост
Фармондеҳи корпуси нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, ки зердастонаш дар марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия гунаҳкор аст, алакай барканор шудааст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Масъулини марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғ муҷозот хоҳанд шуд.
Дар ин бора Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар сӯҳбат бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса анҷом хоҳад шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл.
Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳо суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
"Дар ин замина додситонии кулли ду кишвар робитаи зич доранд", - омадааст дар изҳороти ҷониби Русия.
Фармондеҳи корпуси нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, ки зердастонаш дар марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия гунаҳкор аст, алакай аз вазифааш барканор шудааст.
Дар ҳамин ҳол, руасои ҷумҳури ду кишвар тавофуқ карданд, ки раванди музокироти сеҷониба бо ширкати Арманистон, ба хусус дар мавриди омода кардани тавофуқномаи сулҳ миёни Боку ва Ереван фаъол шавад.
Сухан ҳамзамон дар бораи кушодани робитаҳои нақлиётӣ ва аломатгузории марзи Озарбойҷону Арманистон рафтааст, ки бояд анҷом шавад.
Путин ва Алиев аҳамияти иҷрои пайгиронаи созишҳои ҳосилшуда дар бораи қатъи пурраи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳиро қайд карданд.
Вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки як мошин бо нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар наздикии рустои Ҷанятоғи Қарабоғи Кӯҳӣ аз силоҳи оташфишон оташ гирифт ва низомиёни дохили он ҳалок шуданд.