https://sputnik.tj/20230920/ozarboyjon-otashbas-qaraboghi-kuhi-elon-1059490377.html
Озарбойҷон оташбасро дар Қарабоғи Кӯҳӣ эълон кард
Озарбойҷон оташбасро дар Қарабоғи Кӯҳӣ эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Озарбойҷон хабар дод, ки дар чаҳорчӯби тавофуқоти ҳосилшуда, "гурӯҳҳои ғайриқонунӣ тамоми аслиҳа ва техникаи вазнинро таслим хоҳанд кард"
2023-09-20T15:24+0500
2023-09-20T15:24+0500
2023-09-20T15:24+0500
озарбойҷон
арманистон
оташбас
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032624859_0:172:3026:1874_1920x0_80_0_0_65a666d2446e3f8b8edcda1e5562f521.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ ҳамаи шартҳои Бокуро пазируфта, силоҳҳои худро ба замин гузоштанд. Дар ин бора вазорати дифои Озарбойҷон хабар дод. Масъалаҳои амнияти ҷамъиятӣ дар мулоқот бо намояндагони Озарбойҷон ҳал хоҳанд шуд. Вазорати дифои Русия афзуд, ҷонибҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар бораи қатъи пурраи амалиёти ҷангӣ тавассути миёнҷигарии нерӯҳои посдори сулҳи Русия ба созиш расиданд. Гуфта мешавад, ки созишнома аз соати 13:00 -и 20 сентябри соли равон эътибор пайдо мекунад. Илова бар ин, гуфта шуд, ки намояндагони Қарабоғ ва Озарбойҷон рӯзи 21 сентябр дар Евлах мулоқот хоҳанд кард. Ба гуфтаи мақомоти Озарбойҷон, дар назар аст, масъалаи реинтегратсия баррасӣ шавад.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 сентябр Вазорати дифои Озарбойҷон аз оғози “тадбирҳои зиддитеррористии маҳаллӣ” барои барқарории сохти конститутсионӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хабар дод. Ҳадафи ин амалиёт хуруҷи сохторҳои ғайриқонунии арманиҳо буд.Боку тавзеҳ дод, ки артиши Озарбойҷон танҳо ба иншооти зербинои низомӣ ҳамла мекунад. Дар Ереван, дар навбати худ, таъкид карданд, ки артиши ҷумҳурӣ дар Қарабоғ ягон воҳид ё техника надорад. Сарвазир Никол Пашинян кӯшиши ҷалби Арманистонро ба авҷгирии низомӣ ғайриқобили қабул номид ва аз нирӯҳои посдори сулҳи Русия даъват кард, ки иқдом кунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кунанд.
https://sputnik.tj/20230919/nigaroni-kreml-shiddat-vaz-qarabogh-kuhi-1059476057.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032624859_149:0:2878:2047_1920x0_80_0_0_c704df05f7b53f8ba8e5ea156f04d81f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озарбойҷон арманистон оташбас
озарбойҷон арманистон оташбас
Озарбойҷон оташбасро дар Қарабоғи Кӯҳӣ эълон кард
Вазорати мудофиаи Озарбойҷон хабар дод, ки дар чаҳорчӯби тавофуқоти ҳосилшуда, "гурӯҳҳои ғайриқонунӣ тамоми аслиҳа ва техникаи вазнинро таслим хоҳанд кард"
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ ҳамаи шартҳои Бокуро пазируфта, силоҳҳои худро ба замин гузоштанд. Дар ин бора вазорати дифои Озарбойҷон хабар дод.
Масъалаҳои амнияти ҷамъиятӣ дар мулоқот бо намояндагони Озарбойҷон ҳал хоҳанд шуд.
Вазорати дифои Русия афзуд, ҷонибҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар бораи қатъи пурраи амалиёти ҷангӣ тавассути миёнҷигарии нерӯҳои посдори сулҳи Русия ба созиш расиданд. Гуфта мешавад, ки созишнома аз соати 13:00 -и 20 сентябри соли равон эътибор пайдо мекунад.
Илова бар ин, гуфта шуд, ки намояндагони Қарабоғ ва Озарбойҷон рӯзи 21 сентябр дар Евлах мулоқот хоҳанд кард. Ба гуфтаи мақомоти Озарбойҷон, дар назар аст, масъалаи реинтегратсия баррасӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 сентябр Вазорати дифои Озарбойҷон аз оғози “тадбирҳои зиддитеррористии маҳаллӣ” барои барқарории сохти конститутсионӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хабар дод. Ҳадафи ин амалиёт хуруҷи сохторҳои ғайриқонунии арманиҳо буд.
Боку тавзеҳ дод, ки артиши Озарбойҷон танҳо ба иншооти зербинои низомӣ ҳамла мекунад.
Дар Ереван, дар навбати худ, таъкид карданд, ки артиши ҷумҳурӣ дар Қарабоғ ягон воҳид ё техника надорад.
Сарвазир Никол Пашинян кӯшиши ҷалби Арманистонро ба авҷгирии низомӣ ғайриқобили қабул номид ва аз нирӯҳои посдори сулҳи Русия даъват кард, ки иқдом кунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кунанд.