https://sputnik.tj/20230920/rusiya-dushanbe-bishkek-izhorot-tund-khuddori-1059478741.html
Русия: Душанбеву Бишкек бояд аз изҳороти тунд худдорӣ намоянд
Русия: Душанбеву Бишкек бояд аз изҳороти тунд худдорӣ намоянд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури Хориҷаи Русия гуфтааст, ки ҳама ихтилофоти мавҷуда бояд дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ва танҳо бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд
2023-09-20T09:02+0500
2023-09-20T09:02+0500
2023-09-20T09:02+0500
дар тоҷикистон
русия
дар русия
изҳорот
вазорати хориҷаи русия
марз
худдорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_33be344f0536dc86b3b07520adcdff82.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, ки Маскав шиддат гирифтани изҳороти мутақобила миёни Тоҷикистону Қирғизистонро вобаста ба ихтилофоти мавҷуда дар заминаи аломатгузории марз бодиққат пайгирӣ дорадВУХ-и Русия қайд кардааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон шарикони стратегӣ ва муттаҳидони Русия ҳастанд ва Маскав ба рафъи ихтилофот ва ҷилавгирӣ аз низоъ байни кишварҳои узви СПАД ба хотири таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст.ВУХ афзуд, ки мавқеъи Русия дар он аст, ки ҳама ихтилофоти мавҷуда бояд дар доираи комиссияи мавҷудаи байниҳукуматии дуҷониба танҳо бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.“Бо дарназардошти тавофуқҳое, ки дар мулоқоти сарони Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки 13 октябри соли 2022 дар Остона ҳосил шуда буданд, кишвари мо самимона барои расонидани ҳама гуна кумакҳои қобили қабули шариконамон омодааст. Бояд дар хотир дошт, ки аз задухӯрдҳои мусаллаҳона дар фазои пасошӯравӣ, пеш аз ҳама, “Ғарби дастаҷамъӣ”, ки ҳадафҳои ғаразноки худро, ки ба манфиатҳои аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ рабте надоранд, судманд аст”, - гуфт вазорати хориҷа.Вазорати хориҷаи Русия аз ҳур ду кишвар даъват кардааст, аз изҳороти дағалона ва иқдомоте, ки натоиҷи мусбатеро, ки ахиран дар ҷараёни музокирот дар умури делимитация ва демаркатсияи марзи Қирғизистону Тоҷикистон ба даст омада буданд, худдорӣ намоянд.Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон вобаста ба изҳороти як мақоми баландпояи ҳукумати дар мавриди марзи ду кишвар эътироз баён кард.Вобаста ба ин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корхои хориҷӣ даъват карда шуд.Бояд ёдовар шуд, ки ахиран муовини нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвоҳои ҳудудӣ даст кашанд.
https://sputnik.tj/20230916/ehzori-safiri-qirghiziston-ba-vazorati-khorijai-tojikiston--1059422477.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_212:0:2943:2048_1920x0_80_0_0_2cdaeac41eed939ba441705d6c998e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, душанбе, бишкек, тоҷикистон, қирғизистон, марз, изҳороти тунд, худдорӣ
русия, душанбе, бишкек, тоҷикистон, қирғизистон, марз, изҳороти тунд, худдорӣ
Русия: Душанбеву Бишкек бояд аз изҳороти тунд худдорӣ намоянд
Вазорати умури Хориҷаи Русия гуфтааст, ки ҳама ихтилофоти мавҷуда бояд дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ва танҳо бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, ки Маскав шиддат гирифтани изҳороти мутақобила миёни Тоҷикистону Қирғизистонро вобаста ба ихтилофоти мавҷуда дар заминаи аломатгузории марз бодиққат пайгирӣ дорад
ВУХ-и Русия қайд кардааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон шарикони стратегӣ ва муттаҳидони Русия ҳастанд ва Маскав ба рафъи ихтилофот ва ҷилавгирӣ аз низоъ байни кишварҳои узви СПАД ба хотири таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст.
ВУХ афзуд, ки мавқеъи Русия дар он аст, ки ҳама ихтилофоти мавҷуда бояд дар доираи комиссияи мавҷудаи байниҳукуматии дуҷониба танҳо бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.
“Бо дарназардошти тавофуқҳое, ки дар мулоқоти сарони Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки 13 октябри соли 2022 дар Остона ҳосил шуда буданд, кишвари мо самимона барои расонидани ҳама гуна кумакҳои қобили қабули шариконамон омодааст. Бояд дар хотир дошт, ки аз задухӯрдҳои мусаллаҳона дар фазои пасошӯравӣ, пеш аз ҳама, “Ғарби дастаҷамъӣ”, ки ҳадафҳои ғаразноки худро, ки ба манфиатҳои аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ рабте надоранд, судманд аст”, - гуфт вазорати хориҷа.
Вазорати хориҷаи Русия аз ҳур ду кишвар даъват кардааст, аз изҳороти дағалона ва иқдомоте, ки натоиҷи мусбатеро, ки ахиран дар ҷараёни музокирот дар умури делимитация ва демаркатсияи марзи Қирғизистону Тоҷикистон ба даст омада буданд, худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон вобаста ба изҳороти як мақоми баландпояи ҳукумати дар мавриди марзи ду кишвар эътироз баён кард.
Вобаста ба ин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корхои хориҷӣ даъват карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ахиран муовини нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвоҳои ҳудудӣ даст кашанд.