https://sputnik.tj/20230920/hunarmandon-rusiya-uzbekiston-khujand-tajlil-1059486544.html
Ҳунармандон аз Русия ва Ӯзбекистон: маълум шуд, ки Рӯзи Хуҷанд чӣ гуна таҷлил мешавад
Ҳунармандон аз Русия ва Ӯзбекистон: маълум шуд, ки Рӯзи Хуҷанд чӣ гуна таҷлил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Сар аз соли 2014 ҳамасола рӯзи 25 сентябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанди бостон таҷлил мегардад. Имсол ҳунармандон аз Русия ва Ӯзбекистон низ даъват шудаанд
2023-09-20T15:56+0500
2023-09-20T15:56+0500
2023-09-20T15:56+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
фарҳанг
ҷашн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055822294_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_f9c65c244d4adaaa1c88f6d2022f94d5.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Рӯзи 25 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ин шаҳр.Ба иттилои манбаъ, чорабинии асосӣ дар майдони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ сурат мегирад.Манбаъ афзуда, ки барои таҷлил ин рӯз, бо ибтикори ҳокимияти шаҳр ҳунармандон аз Русия, Ӯзбекистон ва маъруфтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ даъват шудаанд.Миёни ҳунармандони меҳмон, Бунёдбек Саидов, ҳунарманди номии Ӯзбекистон ва Согдиана номбар шудаанд.Ҳамчунин, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов ва Нобовар Чиноров низ ба табрики сокинони Хуҷанди бостон хоҳанд омад.Ҳамчунин, интизор меравад дар ин чорабинӣ меҳмонон аз тамоми манотиқи кишвар низ иштирок намоянд.Дар вилояти Суғд низ бахшида ба Рӯзи истиқлол паради бошукуҳи низомӣ доир шуд - аксЧанде пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд бо гузашти бошукӯҳи низомӣ 32- юмин солгарди истиқлоли давлатӣ таҷлил карда шуд.
https://sputnik.tj/20230830/bozdidi-sayyohi-khoriji-osorkhonai-tarikhii-sugd-1059137592.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055822294_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_12f0463002d48162571e5959c68a9e75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд таҷлил фарҳанг
Ҳунармандон аз Русия ва Ӯзбекистон: маълум шуд, ки Рӯзи Хуҷанд чӣ гуна таҷлил мешавад
Сар аз соли 2014 ҳамасола рӯзи 25 сентябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанди бостон таҷлил мегардад. Имсол ҳунармандон аз Русия ва Ӯзбекистон низ даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Рӯзи 25 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ин шаҳр.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии асосӣ дар майдони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ сурат мегирад.
Манбаъ афзуда, ки барои таҷлил ин рӯз, бо ибтикори ҳокимияти шаҳр ҳунармандон аз Русия, Ӯзбекистон ва маъруфтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ даъват шудаанд.
Миёни ҳунармандони меҳмон, Бунёдбек Саидов, ҳунарманди номии Ӯзбекистон ва Согдиана номбар шудаанд.
Ҳамчунин, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов ва Нобовар Чиноров низ ба табрики сокинони Хуҷанди бостон хоҳанд омад.
Ҳамчунин, интизор меравад дар ин чорабинӣ меҳмонон аз тамоми манотиқи кишвар низ иштирок намоянд.
Чанде пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд бо гузашти бошукӯҳи низомӣ 32- юмин солгарди истиқлоли давлатӣ таҷлил карда шуд.