Боздиди беш аз 25 ҳазор сайёҳӣ хориҷӣ аз "Қалъаи Хуҷанд"

Экспонаты в музее
Экспонаты в музее - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Раҳбарияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба фарҳанг ва таърихи кӯҳани Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Давоми шаш моҳи соли равон аз осорхонаҳои МД “Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд” беш аз 25 ҳазор нафар дидан кардаанд. Аз ин шумора қариб 1,5 ҳазор нафарашон сайёҳони хориҷӣ
Иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Нодира Олимова, муовин дар корҳои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд.
Ба гуфтаи хонум Олимова, дар солҳои ахир боздиди сайёҳони хориҷӣ ба осорхона назар ба солҳои пешин зиёд шудааст.
“Давоми рӯз масъулони осорхона наздики 15-20 сайёҳи хориҷиро қабул ва гусел мекунанд. Ба ҳамаи онҳо роҳбаладони осорхона бо забони русӣ ва ҳам англисӣ аз таърихи бозёфтҳои нодир ва қаҳрамонони халқи тоҷик, яъне аз давраи асри санг то замони Истиқлол, маълумот медиҳанд”, - гуфт ӯ.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2023
Эълони озмун миёни хадамотрасонҳо дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Муовин дар корҳои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қайд кард, ки давоми шаш моҳ барои фонди осорхона 85 ашёи таърихиву фарҳангӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ шуд.
“Аз ин шумора 49 ашёи қадима харидорӣ карда шуда, боқимонда ба осорхона ройгон тақдим карда шудааст”, - таъкид кард ӯ.
Масъулини осорхона мегӯянд, ки дар рӯзҳои таътили тобистона бештар наврасону ҷавонон, хусусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ба осорхона меоянд.
Лентаи хабарҳо
0