https://sputnik.tj/20230919/cherevchenko-talosh-piruzi-mekunand-1059459934.html
"Истиқлол" дар "гурӯҳи марг": Черевченко гуфт, тамоми талошро барои пирӯзӣ мекунанд
"Истиқлол" дар "гурӯҳи марг": Черевченко гуфт, тамоми талошро барои пирӯзӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Сармураббии бошгоҳи душанбегӣ мегӯяд бозигаронаш барои рақобат бо дастаи “Ал-Дуҳайл” омодаанд ва талош хоҳанд кард, ки хол биситонанд
2023-09-19T11:48+0500
2023-09-19T11:48+0500
2023-09-19T11:54+0500
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
игор черевченко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054321576_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_1442d642c63fa828483a4b951a6b91e0.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сармураббии бошгоҳи "Истиқлол" Игор Черевченко мегӯяд, ки ҳарифонашон дар марҳилаи аввали гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё хеле ҷиддӣ ва қаҳрамонони кишвари худ ҳастанд.Дар ин бора ӯ дар нишасти хабарии пеш аз бозии тимаш бо дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар Душанбе иброз дошт.Футболбозони бошгоҳи душанбегӣ бо намояндагони Эрон (тими "Персполис"), "Ал-Дуҳайл"-и Қатар ва дастаи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ менамоянд.Ӯ гуфт, ки талош барои пирӯзиро хоҳанд кард ва бозии имрӯза доварӣ хоҳад кард, ки кӣ қудратмандтар аст.Дар мавриди натоиҷи бозӣ, мураббии шинохта гуфт, ки ҳеҷ чизро пешбинӣ кардан мукин нест.Вай дар мавриди дастпарваронаш гуфт, ки онҳо таҷрибаи бозӣ дар Аврупо доранд ва ҳама омодаанд дар ин бозӣ ва дар ҳама бозиҳои минбаъда мубориза баранд. ,Ӯ то ҳол исми онҳое, ки ба майдон меоянд эълон накард ва гуфт, ки ҳама имкониятҳои якхела доранд. Мураббӣ интизор аст, ки варзишгоҳ пур аз мухсилон барои дастгирии дастпарваронаш хоҳад шуд, чун ба гуфтаи вай ҳаводорони футбол бозигари 12-уми мо ҳастанд ва ба мо нерӯ ва қувват мебахшандЁдовар мешавем, тимҳои“Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” шоми имрӯз вориди сабқат мешаванд.Ин бозӣ соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мешавад.
https://sputnik.tj/20230918/prezident-istiqlol-shohi-futbol-tojikiston-1059447669.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054321576_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_a74db755f37ca2984f6e36f9312eaecd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"истиқлол" "гуруҳи марг" черевченко талош пирӯзӣ
"истиқлол" "гуруҳи марг" черевченко талош пирӯзӣ
"Истиқлол" дар "гурӯҳи марг": Черевченко гуфт, тамоми талошро барои пирӯзӣ мекунанд
11:48 19.09.2023 (Навсозишуда: 11:54 19.09.2023) Сармураббии бошгоҳи душанбегӣ мегӯяд бозигаронаш барои рақобат бо дастаи “Ал-Дуҳайл” омодаанд ва талош хоҳанд кард, ки хол биситонанд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сармураббии бошгоҳи "Истиқлол" Игор Черевченко мегӯяд, ки ҳарифонашон дар марҳилаи аввали гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё хеле ҷиддӣ ва қаҳрамонони кишвари худ ҳастанд.
Дар ин бора ӯ дар нишасти хабарии пеш аз бозии тимаш бо дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар Душанбе иброз дошт.
Футболбозони бошгоҳи душанбегӣ бо намояндагони Эрон (тими "Персполис"), "Ал-Дуҳайл"-и Қатар ва дастаи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ менамоянд.
Ӯ гуфт, ки талош барои пирӯзиро хоҳанд кард ва бозии имрӯза доварӣ хоҳад кард, ки кӣ қудратмандтар аст.
Дар мавриди натоиҷи бозӣ, мураббии шинохта гуфт, ки ҳеҷ чизро пешбинӣ кардан мукин нест.
"Ин варзиш аст, касе онро пешакӣ пешбинӣ карда наметавонад. Мо бозӣ мекунем ва мекӯшем, ки дар ҳар бозӣ хол ба даст орем", - афзудааст номбурда, менависад ТВ "Варзиш".
Вай дар мавриди дастпарваронаш гуфт, ки онҳо таҷрибаи бозӣ дар Аврупо доранд ва ҳама омодаанд дар ин бозӣ ва дар ҳама бозиҳои минбаъда мубориза баранд. ,
Ӯ то ҳол исми онҳое, ки ба майдон меоянд эълон накард ва гуфт, ки ҳама имкониятҳои якхела доранд.
Мураббӣ интизор аст, ки варзишгоҳ пур аз мухсилон барои дастгирии дастпарваронаш хоҳад шуд, чун ба гуфтаи вай ҳаводорони футбол бозигари 12-уми мо ҳастанд ва ба мо нерӯ ва қувват мебахшанд
Ёдовар мешавем, тимҳои“Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” шоми имрӯз вориди сабқат мешаванд.
Ин бозӣ соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мешавад.