Тоҷикистон ба шиносномакунии шоҳроҳҳо шурӯъ мекунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНовая автомобильная дорога Душанбе-Бактрия
Новая автомобильная дорога Душанбе-Бактрия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Обуна шудан
Бо истифода аз таҷҳизоти махсусе, ки аллакай аз дастраси Вазорати нақлиёт шудааст, андозагирӣ ва арзёбии сифати шоҳроҳҳо ва дарозии дақиқи онҳо анҷом мешавад
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад бақайдгирии электронии шоҳроҳҳоро анҷом диҳад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.
Бо ин мақсад таҷҳизот барои ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии дороиҳои роҳ пешбинӣ шудааст ва Бонки Осиёии Рушд бошад, маблағгузории лоиҳаро анҷом додааст.
Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти нав харидорӣ ва дар автомашинаи сабукрави тамғаи “Toyota Prado” васлу насб гардидаст. Таҷҳизоти мазкур аз сканери лазерӣ, 3 адад камераҳо, одометр ва GPS иборат мебошад.
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Эҳёи Роҳи абрешим: Тоҷикистон нияти ҷалби 6,3 млрд долларро дорад
Гуфта мешавад, ки бо ёрии онҳо ҳолати роҳ роҳ, индекси IRI, дарозии аниқи роҳҳои автомобилгард ва ҷойгиршавии иншоот ба таври электронӣ бақайд гирифта мешаванд.
Инчунин, мутахассисон пас аз ҷамъоварии пурраи маълумот дар бораи шоҳроҳҳои истифодаи умум, шакли электронии харитаҳои роҳро таҳия мекунанд.
Минбаъд дар асоси маълумоти шиносномаи дахлдори ҳар як шоҳроҳи автомобилгард барои босифат нигоҳдорӣ, таҷдид ва сохтмони роҳҳо тадбирҳои зарурӣ муайян карда мешаванд.
Қаблан Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон умуман 26,7 ҳазор киллометр роҳ аст, ки аз он 14,3 ҳазор дар тавозуни ин ниҳод аст.
Лентаи хабарҳо
0