https://sputnik.tj/20230913/ehyo-roh-abreshim-tojikiston-mlrd-dollar-1059358413.html
Эҳёи Роҳи абрешим: Тоҷикистон нияти ҷалби 6,3 млрд долларро дорад
Эҳёи Роҳи абрешим: Тоҷикистон нияти ҷалби 6,3 млрд долларро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон долон аз тариқи Осиёи Марказиро кӯтоҳтарин роҳ аз Чин ба Аврупо арзёбӣ кард, ки метавонад ба рушди минтақа мусоидат кунад
2023-09-13T13:28+0500
2023-09-13T13:28+0500
2023-09-13T13:28+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
азим иброҳим
чин
мулоқот
вазир
роҳи абрешим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/39/1028953992_0:160:1303:893_1920x0_80_0_0_7c54111fbd238836d1d3633554f7bd44.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад барои иҷрои тарҳҳо дар бахши нақлиёт 6,3 миллиард доллар ҷалб кунад.Ин нуктаро вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар нахустин нишасти вазирони нақлиёти кишварҳоши Осиёи Марказӣ дар Душанбе баён дошт. "Солҳои наздик бо ҷалби тақрибан 6,3 млрд доллар лоиҳаҳои наверо амалӣ месозем, ки ба тағйири назаррас дар сохтору нақшаи боркашонии байналмилалӣ, самаранокии ҳамгироӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд", - гуфт вазир. Азим Иброҳим гуфт, кор барои истифодаи муассир аз долони Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо амалӣ шуда истодааст, ки кӯтоҳтарин масир аз марзи Чин тавассути минтақаи Осиёи Марказӣ ба Аврупо хоҳад буд. "Ин долон ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад", - илова намуж вазири нақлиёти Тоҷикистон. Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид. Дар нишаст таҳти раёсати Азим Иброҳим, ҳамчунин вазири нақлиёти Қазоқистон Марат Карабаев, вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳқамов ва директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ карданд.
https://sputnik.tj/20230913/elomiya-mushtarak-vaziron-naqliyot-osiyoi-markazi-1059357352.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/39/1028953992_113:131:1238:975_1920x0_80_0_0_698c035cfd3e853cfb367ea461cc93e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, ҳамкорӣ, нишаст, осиёи марказӣ, мусоидат, абрешим
мулоқот, ҳамкорӣ, нишаст, осиёи марказӣ, мусоидат, абрешим
Эҳёи Роҳи абрешим: Тоҷикистон нияти ҷалби 6,3 млрд долларро дорад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон долон аз тариқи Осиёи Марказиро кӯтоҳтарин роҳ аз Чин ба Аврупо арзёбӣ кард, ки метавонад ба рушди минтақа мусоидат кунад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад барои иҷрои тарҳҳо дар бахши нақлиёт 6,3 миллиард доллар ҷалб кунад.
Ин нуктаро вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар нахустин нишасти вазирони нақлиёти кишварҳоши Осиёи Марказӣ дар Душанбе баён дошт.
"Солҳои наздик бо ҷалби тақрибан 6,3 млрд доллар лоиҳаҳои наверо амалӣ месозем, ки ба тағйири назаррас дар сохтору нақшаи боркашонии байналмилалӣ, самаранокии ҳамгироӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд", - гуфт вазир.
Азим Иброҳим гуфт, кор барои истифодаи муассир аз долони Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо амалӣ шуда истодааст, ки кӯтоҳтарин масир аз марзи Чин тавассути минтақаи Осиёи Марказӣ ба Аврупо хоҳад буд.
"Ин долон ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад", - илова намуж вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид.
Дар нишаст таҳти раёсати Азим Иброҳим, ҳамчунин вазири нақлиёти Қазоқистон Марат Карабаев, вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳқамов ва директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ карданд.