Раҳмон бо дабири кулли СММ дидор кард: тафсилот

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТЭмомали Рахмон встретился с Антонио Гутерриш
Эмомали Рахмон встретился с Антонио Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Обуна шудан
Масоили обу тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, хатарҳои терроризму экстремизм ва Афғонистон аз мавзуоти калидии дидор будааст
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари корияшро дар ИМА оғоз кард.
Ӯ нахуст дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк бо дабири созмон Антонио Гутерриш мулоқот карданд.
Дарн ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот президенти мамлакат таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо СММ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.
"Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд",- афзудааст манбаъ.
Дар рафти мулоқот кишвардор ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз” ва қабули қатъномаи СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои асосии мулоқот буданд.
СММ Тоҷикистон масъалаи сайёҳиро баррасӣ намуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Тоҷикистон бо СММ масъалаи ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳиро баррасӣ кард
Дар ин дидор ба масоили Афғонистон низ дахл шуда, Раҳмон ба Гуттериш гуфтаст, ки Тоҷикистонтамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишварбарои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст.
Ҳамзамон бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.
Лентаи хабарҳо
0