Тоҷикистон бо СММ масъалаи ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳиро баррасӣ кард

© Кумитаи рушди сайёҳӣСММ Тоҷикистон масъалаи сайёҳиро баррасӣ намуданд
СММ Тоҷикистон масъалаи сайёҳиро баррасӣ намуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Масъулини Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо агентии СММ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар субектҳои соҳаи сайёҳиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ахиран Кумитаи рушди сайёҳӣ мулоқоти Раиси Кумита Муминзод Камолиддин бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами баргузори гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин Кумита.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар субектҳои соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
Роҳбарияти Кумита дар бораи имтиёзҳои роҳандозигардида аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар самти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода, қайд кард, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи сайёҳӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Туркия ба тоҷикистониён барои таҳсил дар риштаи сайёҳӣ бурсия ҷудо кард
Ҳумчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳои омодагии худро ҷиҳати татбиқи масъалаҳои баррасигардида, иброз намуданд.
Лентаи хабарҳо
0