Изҳороти Вазорати дифои Арманистон баъд аз оғози амалиёти зиддитеррористии Озарбойҷон

© Foto / Аппарат Президента Республики АрменияАрмянский военнослужащий на границе с Азербайджаном
Армянский военнослужащий на границе с Азербайджаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Арманистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзҳо нисбатан ором аст
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Вазорати дифои Арманистон нахустин изҳоротро баъд аз эълони Озарбойҷон аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ нашр кард.
Вазорати дифои ин кишвар итминон дод, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзҳо "нисбатан мӯътадил" аст.
"То соати 14:00 вазъ дар марзҳои Арманистон нисбатан мӯътадил аст", - омадааст дар нашрия дар вебсайти Вазорати дифои ин кишвар.
Ҳамчунин вазорати дифои Арманистон иддаои ҷониби Озарбойҷонро дар бораи мустақар будани нерӯҳои арманӣ дар Қарабоғи Кӯҳиро қатъиян рад кард.
Вазорати дифои Арманистон изҳор дошт, ки дар қаламрави Қарабоғи Кӯҳӣ артиши Арманистон вуҷуд надорад.
Здание Министерства иностранных дел РФ на Смоленской площади в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
ВКХ Русия хостори қатъи амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ шуд
"Чӣ дар гузашта ва ҳам дар ҳоли ҳозир манобеи Озарбойҷон изҳороти бардурӯғ нашр мекунад, ки гӯё артиши Арманистон, техникаи низомӣ ва ҳайати шахсӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳузур доранд. Мо эълом мекунем, ки Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ артиш надорад”, -гуфт вазорат.
Ёдовари мекунме, ки рӯзи 19 сентябр расонаҳо дар бораи гулулаборони Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон хабар доданд.
Вазорати дифои Ҷумҳурии эътирофнашуда Қарабоғ эълон кард, ки дар тамоми хатти марз садои тиру гулула сабт гардидааст.
Вазорати дифои Озарбойҷон дар бораи оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон барои барқарории сохти конститутсионӣ эълон кард.
Вазорат дифои Озарбойҷон ҳузури низомиёни арманӣ дар ин минтақаро нақзи эъломияи сеҷониба, ки 10 ноябри соли 2020 имзо шуда буд, хонд.
Лентаи хабарҳо
0