ВКХ Русия хостори қатъи амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ шуд

© Sputnik / Мария ДевахинаЗдание Министерства иностранных дел РФ на Смоленской площади в Москве.
Здание Министерства иностранных дел РФ на Смоленской площади в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи задухӯрдҳо дар минтақаи баҳсии Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори назар кард, ки аз ҷониби Озарбойчон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Маскав ба оташбас ва ҳалли дипломатии вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ даъват мекунад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
"Тамоми иқдомҳо барои ҳалли мусолиматомези мушкилот дар изҳороти сеҷонибаи раҳбарони Арманистон, Озарбойҷон ва Русия омадааст", - гуфт ӯ.
Захарова афзуд, Русия аз он бармеояд, ки амнияти посдорони сулҳ аз ҷониби ҳама ҷонибҳо таъмин карда мешавад.
Намояндаи вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин қайд кард, ки Маскав аз ташдиди шадиди вазъ нигарон аст.
Ёдовар мешавем, ки Боку дар бораи оғози “тадбирҳои зиддитеррористӣ”-и дорои хусусияти маҳаллӣ барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ эълон кард.
Сокинони Степанакерт аз тирборони шаҳр хабар доданд, вазорати дифои Озарбойҷон аз тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар самти Ағдам хабар дод.
Граница Армении и Азербайджана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Озарбойҷон дар бораи амалиёти зиддитеррористӣ дар Қарабоғ эълон кард
Баъдан вазорати хориҷаи Озарбойҷон тавзеҳ дод, ки ягона роҳи сулҳ дар минтақа хуруҷи комили низомиёни арманӣ аз Қарабоғ ва барҳам додани режими Степанакерт аст.
Ҳамзамон мақомоти Русия хабар доданд, ки бо Озарбойҷон дар партави "амалиёти зиддитеррористӣ" пайваста дар тамос ҳастанд ва посдорони сулҳ бо арманиҳои Қарабоғ ва Боку ҳастанд.
Қобили зикр аст, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия иддао дорад, ки онҳо аз "амалиёти зиддитеррористӣ"-и дар Қарабоғ дарпешистодаи Озарбойҷон хабар надоштанд.
"Маълумот ба контингенти Русия чанд дақиқа пеш аз оғози амалиёти ҷангӣ ирсол шудааст", - гуфт Захарова.
Лентаи хабарҳо
0