https://sputnik.tj/20230918/zelenskiy-sulh-dodan-qalamravho-rusiya-rad-1059443659.html
Зеленский ба хотири сулҳ додани қаламравҳоро ба Русия рад кард
Зеленский ба хотири сулҳ додани қаламравҳоро ба Русия рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Украина гуфт, ки низоъ дар Украина бо интиқоли бахше аз қаламравҳо хотима нахоҳад ёфт, аммо мавқеъи Киевро дар мавриди Қрим баён накард
2023-09-18T11:35+0500
2023-09-18T11:35+0500
2023-09-18T11:48+0500
русия
украина
киев
сиёсат
владимир зеленский
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057246368_0:685:2331:1996_1920x0_80_0_0_6300a97849bdc5105228f74dadc35d1c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Киев ният надорад, ки як қисми қаламравҳои Украинаро ба Русия диҳад, то ба ин васила ба низоъ хотима бахшад. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский дар сӯҳбат бо хабарнигори CBS News изҳорот дод. "Не",- гуфт ӯ дар посух ба саволи дахлдори рӯзноманигор дар ин маврид. Аммо, вақте сухан дар бораи мавқеъ дар робита ба Қрим рафт, раиси ҷумҳури Украина аз посухи мустақим худдорӣ кард. Аз ин пеш котиби давлатии ИМА бо ташаббусе баромад кард гуфт, ки агар Украина барои муколама омода бошад, Иёлоти Муттаҳида аз он пуштибонь мекунад.Аммо дар айни ҳол, вай таъкид кард, ки Киев аз даъвоҳои худ ба қаламравҳои аздастдодааш даст намекашад. Дмитрий Песков, котиби матбуотии Владимир Путин, изҳороти ин мақоми амрикоиро дурӯғ номид. Русия ба омодагии худ ба музокира таъкид мекунад, аммо мақомоти Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба ин музокирот мамнуъият ҷорӣ кардаанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан ба омодагии Русия ба музокироте, ки метавонад ба ҳалли бӯҳрони Украина кумак кунад, таъкид карда буд. Дар ҳамин ҳол, вай ишора кард, ки расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа дар Украина авлавияти мутлақ барои Маскав боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20230917/lavrov-jang-ukraina-ima-1059434978.html
русия
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057246368_0:630:1891:2048_1920x0_80_0_0_b012aeb2fbe90a740617baee09bfcc69.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский сулҳ қаламрав русия
зеленский сулҳ қаламрав русия
Зеленский ба хотири сулҳ додани қаламравҳоро ба Русия рад кард
11:35 18.09.2023 (Навсозишуда: 11:48 18.09.2023) Раисиҷумҳури Украина гуфт, ки низоъ дар Украина бо интиқоли бахше аз қаламравҳо хотима нахоҳад ёфт, аммо мавқеъи Киевро дар мавриди Қрим баён накард
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Киев ният надорад, ки як қисми қаламравҳои Украинаро ба Русия диҳад, то ба ин васила ба низоъ хотима бахшад.
Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский дар сӯҳбат бо хабарнигори CBS News изҳорот дод.
"Не",- гуфт ӯ дар посух ба саволи дахлдори рӯзноманигор дар ин маврид.
Аммо, вақте сухан дар бораи мавқеъ дар робита ба Қрим рафт, раиси ҷумҳури Украина аз посухи мустақим худдорӣ кард.
Аз ин пеш котиби давлатии ИМА бо ташаббусе баромад кард гуфт, ки агар Украина барои муколама омода бошад, Иёлоти Муттаҳида аз он пуштибонь мекунад.
Аммо дар айни ҳол, вай таъкид кард, ки Киев аз даъвоҳои худ ба қаламравҳои аздастдодааш даст намекашад.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии Владимир Путин, изҳороти ин мақоми амрикоиро дурӯғ номид.
Русия ба омодагии худ ба музокира таъкид мекунад, аммо мақомоти Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба ин музокирот мамнуъият ҷорӣ кардаанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан ба омодагии Русия ба музокироте, ки метавонад ба ҳалли бӯҳрони Украина кумак кунад, таъкид карда буд.
Дар ҳамин ҳол, вай ишора кард, ки расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа дар Украина авлавияти мутлақ барои Маскав боқӣ мемонад.