https://sputnik.tj/20230918/vakiloni-khatlon-muboriza-zaminfurushir-1059445264.html
Вакилони Хатлон мубориза бо фасоду заминфурӯширо баррасӣ мекунанд
Вакилони Хатлон мубориза бо фасоду заминфурӯширо баррасӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони халқи вилояти Хатлон бо баргузории як ҷаласа ҳисоботи мансабдоронро дар масоили доғи рӯз, аз ҷумла мубориза бо фурӯши заминро баррасӣ мешунаванд
2023-09-18T12:58+0500
2023-09-18T12:58+0500
2023-09-18T13:00+0500
дар тоҷикистон
мубориза
фасод
коррупсия
кодекс
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102524/64/1025246492_242:0:2758:1415_1920x0_80_0_0_61d381a35794d93026806d28b4c0974e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор мегардад, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят. Ба иттилои манбаъ, ҷаласа рӯзи 28 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъйин шудааст. Дар феҳрасти масоили баррасишаванда 3 масъалаи калидӣ, аз ҷумла мубориза бо коррупсия ва заминфурӯшӣ зикр гардидаанд. Аз ҷумла сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояту фармони президент дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар барои давраи соли 2030 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот медиҳад. Вакилони халҷӣ ҳамчунин ҳисобот дар мавриди рафти иҷрои барномаи рушди саноати хӯрокворӣ барои солҳои 2020-2025-ро мешунаванд. Аз масоили сеюми калидии ҷаласа мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ бо замин мебошад, ки яке аз масоили доғ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ба вакилон раисони Кумитаи идораи замини вилоят ва минтақа оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партоб ва таъмини иҷрои Кодекси замини ҷумҳурӣ гузориш медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230512/barkanorii-88-shakhsi-masul-dar-khatlon-1057077966.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102524/64/1025246492_556:0:2443:1415_1920x0_80_0_0_a2cc3fca898bf7e78f06f845acd82f3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакилон, хатлон, халқ, заминфурӯшӣ
вакилон, хатлон, халқ, заминфурӯшӣ
Вакилони Хатлон мубориза бо фасоду заминфурӯширо баррасӣ мекунанд
12:58 18.09.2023 (Навсозишуда: 13:00 18.09.2023) Вакилони халқи вилояти Хатлон бо баргузории як ҷаласа ҳисоботи мансабдоронро дар масоили доғи рӯз, аз ҷумла мубориза бо фурӯши заминро баррасӣ мешунаванд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор мегардад, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласа рӯзи 28 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Дар феҳрасти масоили баррасишаванда 3 масъалаи калидӣ, аз ҷумла мубориза бо коррупсия ва заминфурӯшӣ зикр гардидаанд.
Аз ҷумла сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояту фармони президент дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар барои давраи соли 2030 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот медиҳад.
Вакилони халҷӣ ҳамчунин ҳисобот дар мавриди рафти иҷрои барномаи рушди саноати хӯрокворӣ барои солҳои 2020-2025-ро мешунаванд.
Аз масоили сеюми калидии ҷаласа мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ бо замин мебошад, ки яке аз масоили доғ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ба вакилон раисони Кумитаи идораи замини вилоят ва минтақа оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партоб ва таъмини иҷрои Кодекси замини ҷумҳурӣ гузориш медиҳанд.