https://sputnik.tj/20230918/sarvazir-ukraina-vazi-kishvar-afghoniston-gaiti-muqoisa-1059447416.html
Сарвазири собиқи Украина вазъи ин кишварро бо Афғонистон ва Гаити муқоиса кард
Сарвазири собиқи Украина вазъи ин кишварро бо Афғонистон ва Гаити муқоиса кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири собиқи Украина мегӯяд, иқтисоди ин кишвар танҳо ба шарофати кӯмаки молии хориҷӣ аломатҳои зиндагӣ нишон медиҳаду шабеҳи Афғонистуну Ҳаитӣ шудааст
2023-09-18T15:26+0500
2023-09-18T15:26+0500
2023-09-18T15:26+0500
украина
афғонистон
сиёсат
дар ҷаҳон
николай азаров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049464600_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_353b04947d1fdd8e0cfecee0a6ebf2f6.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Иқтисодиёти Украина ба як зиндаи мурда шабоҳат дорад ва танҳо аз ҳисоби кӯмаки молии Ғарб нишонаҳои ҳаётро нишон медиҳад. Дар ин бора сарвазири собиқи Украина Микола Азаров изҳор дошт. Ба андешаи ӯ, иқтисоди Украина "бештар ба мурдаи зинда шабоҳат дорад - он танҳо аз ҳисоби кӯмаки молии хориҷӣ аломатҳои ҳаётро нишон медиҳад", ки ҳарҷи бештарро талаб мекунад. Сарвазири пешин иддао дорад, ки наздиктарин намунаҳои Украина бо мушкилоти мушобеҳ Афғонистони муосир ва Ҳаитӣ мебошанд. "Аммо барои расидан ба сатҳи кунунии иқтисодии Руминия ва Лаҳистон, ба Украина, тибқи пешгӯиҳои боварибахш, беш аз 30 сол лозим аст", - хулоса кард Азаров. Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
https://sputnik.tj/20230918/zelenskiy-sulh-dodan-qalamravho-rusiya-rad-1059443659.html
украина
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049464600_0:0:2661:1996_1920x0_80_0_0_b033623db930a402eddaa2e66ef7778d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарвазир украина вазъ кишвар афғонистон ҳаити
сарвазир украина вазъ кишвар афғонистон ҳаити
Сарвазири собиқи Украина вазъи ин кишварро бо Афғонистон ва Гаити муқоиса кард
Сарвазири собиқи Украина мегӯяд, иқтисоди ин кишвар танҳо ба шарофати кӯмаки молии хориҷӣ аломатҳои зиндагӣ нишон медиҳаду шабеҳи Афғонистуну Ҳаитӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Иқтисодиёти Украина ба як зиндаи мурда шабоҳат дорад ва танҳо аз ҳисоби кӯмаки молии Ғарб нишонаҳои ҳаётро нишон медиҳад.
Дар ин бора сарвазири собиқи Украина Микола Азаров изҳор дошт.
"Рушди тавлиди нохолиси дохилӣ ҳадди ақалл аст, беқурбшавии гривна таҳти фишори ХБА дар сатҳи боло мушоҳида мешавад, қарзи миллӣ меафзояд, буҷет сарфи назар аз кумакҳои молии Ғарб дар каср боқӣ мемонад",- гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, иқтисоди Украина "бештар ба мурдаи зинда шабоҳат дорад - он танҳо аз ҳисоби кӯмаки молии хориҷӣ аломатҳои ҳаётро нишон медиҳад", ки ҳарҷи бештарро талаб мекунад.
Сарвазири пешин иддао дорад, ки наздиктарин намунаҳои Украина бо мушкилоти мушобеҳ Афғонистони муосир ва Ҳаитӣ мебошанд.
"Аммо барои расидан ба сатҳи кунунии иқтисодии Руминия ва Лаҳистон, ба Украина, тибқи пешгӯиҳои боварибахш, беш аз 30 сол лозим аст", - хулоса кард Азаров.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".