https://sputnik.tj/20230918/parchambardoron-tojik-bozi-osiyo-1059446192.html
Парчамбардорони тоҷик дар Бозиҳои Осиё маълум шуданд
Парчамбардорони тоҷик дар Бозиҳои Осиё маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ном ду варзишари тоҷикро, ки дар 19-умин Бозиҳои осиёӣ дар Чин парчами кишварро мебардоранд, эълон кард
2023-09-18T13:34+0500
2023-09-18T13:34+0500
2023-09-18T13:38+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
нишон
парчам
темур раҳимов
осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1a/1041171522_0:44:1001:607_1920x0_80_0_0_79326799abf361d8ab0c1376e35f72c9.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сент - Sputnik. Парчамбардорони ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин ду нафар - як зан ва як мард хоҳанд буд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Темур Раҳимов, ҷудокори тоҷик ва Малика Лагутенко тирандози номдор парчамбардорони Ҳайати олимпии Тоҷикистон мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт. Тоҷикистонро 110 варзишгар аз рӯи 19 равияи варзишӣ дар ин бозиҳо намояндагӣ мекунанд, афзуд Кумитаи миллии олимпӣ. Барои ҳар медал аз ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷоиза таъйин шудааст. Ҷоизаи президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми то 150 ҳазор сомонӣ ба варзишкороне пардохт карда мешавад, ки аз дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиёӣ нишони тилло мегирандВарзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали нуқра мегиранд 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулиро соҳиб хоҳад шуд.Бозиҳои Осиё шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок дошта, то ҳол варзишкорони тоҷик соҳиби ҷоизаҳои ин мусобиқаро ба даст овардаанд.
https://sputnik.tj/20230917/ufc-aliev-rajabov-shikast-1059431115.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1a/1041171522_5:0:814:607_1920x0_80_0_0_c9ff005d5c9b8d5d99e22022bf9600d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парчамбардор, тоҷик, тим, осиё, бозӣ
парчамбардор, тоҷик, тим, осиё, бозӣ
Парчамбардорони тоҷик дар Бозиҳои Осиё маълум шуданд
13:34 18.09.2023 (Навсозишуда: 13:38 18.09.2023) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ном ду варзишари тоҷикро, ки дар 19-умин Бозиҳои осиёӣ дар Чин парчами кишварро мебардоранд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 18 сент - Sputnik. Парчамбардорони ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин ду нафар - як зан ва як мард хоҳанд буд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Темур Раҳимов, ҷудокори тоҷик ва Малика Лагутенко тирандози номдор парчамбардорони Ҳайати олимпии Тоҷикистон мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт.
Тоҷикистонро 110 варзишгар аз рӯи 19 равияи варзишӣ дар ин бозиҳо намояндагӣ мекунанд, афзуд Кумитаи миллии олимпӣ.
Барои ҳар медал аз ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷоиза таъйин шудааст. Ҷоизаи президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми то 150 ҳазор сомонӣ ба варзишкороне пардохт карда мешавад, ки аз дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиёӣ нишони тилло мегиранд
Варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали нуқра мегиранд 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулиро соҳиб хоҳад шуд.
Бозиҳои Осиё шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок дошта, то ҳол варзишкорони тоҷик соҳиби ҷоизаҳои ин мусобиқаро ба даст овардаанд.