https://sputnik.tj/20230917/yodgorihoi-zarafshon-qaroqum-fehrasti-unesko-1059433312.html
Ёдгориҳои Зарафшон - Қароқум ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид шуданд
Ёдгориҳои Зарафшон - Қароқум ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии роҳи Абрешим бо пешниҳоди Тоҷикистон ба рӯйхати Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шуданд
2023-09-17T14:56+0500
2023-09-17T14:56+0500
2023-09-17T14:56+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
вазорат
юнеско
рӯйхат
мероси фарҳангӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/50/1028325008_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_e2752bbb5e66526404fa4de992faa8ae.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сент - Sputnik. Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО 9 ёдгории фарҳангии пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ қабул кард. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, қарор дар ин бора зимни ҷаласаи 45-уми кумита, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, тасвиб гардид. Тавзеҳ дода шуд, ки ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии "Зарафшон-Қароқум" дар маҷмуъ 9 ёдгориро шомиланд. Дар ин феҳраст аз ҷумла ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро номбар шуданд. Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 17 объекти мероси моддии Тоҷикистон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО шомил шудаанд. Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди тобеяш таъкид намуда буд, ки ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод буда, корҳо барои шомилсолӣ барои мероси фарҳанги умумибашарӣ ҷараён доранд.Вай гуфт, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони "Фарғона-Сирдарё" пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардадҲамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи "Ҳулбук-Хуттали қадим" аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст, илова намуд ӯ.
https://sputnik.tj/20230612/boygoni-daftar-amir-bukhoro-khotirai-jahon-shomil-1057679629.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/50/1028325008_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_9ad2c9ba5f3130dd457e219c8424f455.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ёдгорӣ, юнеско, шомил, рӯйхат, ворид
ёдгорӣ, юнеско, шомил, рӯйхат, ворид
Ёдгориҳои Зарафшон - Қароқум ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид шуданд
Ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии роҳи Абрешим бо пешниҳоди Тоҷикистон ба рӯйхати Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шуданд
ДУШАНБЕ, 17 сент - Sputnik. Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО 9 ёдгории фарҳангии пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ қабул кард.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, қарор дар ин бора зимни ҷаласаи 45-уми кумита, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, тасвиб гардид.
Тавзеҳ дода шуд, ки ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии "Зарафшон-Қароқум" дар маҷмуъ 9 ёдгориро шомиланд.
Дар ин феҳраст аз ҷумла ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро номбар шуданд.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 17 объекти мероси моддии Тоҷикистон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО шомил шудаанд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди тобеяш таъкид намуда буд, ки ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод буда, корҳо барои шомилсолӣ барои мероси фарҳанги умумибашарӣ ҷараён доранд.
Вай гуфт, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони "Фарғона-Сирдарё" пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардад
Ҳамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи "Ҳулбук-Хуттали қадим" аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст, илова намуд ӯ.