https://sputnik.tj/20230612/boygoni-daftar-amir-bukhoro-khotirai-jahon-shomil-1057679629.html
Бойгонии дафтари амири Бухоро ба феҳристи “Хотираи ҷаҳон” шомил шуд
Бойгонии дафтари амири Бухоро ба феҳристи “Хотираи ҷаҳон” шомил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар бойгонӣ ҳуҷҷатҳо ба забони тоҷикӣ-форсӣ мавҷуданд, ки ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сохтори сиёсии Бухорои онвақтаро бозгӯ мекунанд
2023-06-12T16:32+0500
2023-06-12T16:32+0500
2023-06-12T16:32+0500
юнеско
фарҳанг
ом
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102690/63/1026906368_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_93dc4e3d61d183e93cb64fc71d9668af.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бойгонии дафтари амири Бухоро ба феҳрасти барномаи ЮНЕСКО “Хотираи ҷаҳон” шомил шудааст. Дар ин бора роҳбари хадамоти иттилоотии Агентии "Узархив" Анварҷон Алиев хабар дод. Ба фонд дар умум ҳам ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти худи дафтар ва ҳам ҳисоботи ниҳодҳои марказӣ аз маҳалҳо, инчунин мукотиба бо идораи сиёсии императории Русия дар Бухоро дохил мешаванд. Аз ҷиҳати муҳтаво он давраи аз ҳамроҳ шудани Бухоро ба Русияи подшоҳӣ то фурӯпошии аморат дар соли 1920-ро дарбар мегирад. Асосан дар бойгонӣ асноди бо хатти арабӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ навишташуда мавҷуд аст, ки ҳам ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳам сохтори сиёсии онвақтаи Бухороро ифшо мекунанд. Қаблан ЮНЕСКО осори мукаммали шоири тасаввуф ва файласуфи ҷоҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба ин феҳрист шомил карда буд. Қобили зикр аст, ки барномаи "Хотираи ҷаҳон", ки соли 1992 таъсис ёфтааст, ба пешгирии талафоти бебозгашти мероси таърихӣ - аснод ё маҷмӯаи осори дорои арзиши назаррас ва пойдор, хоҳ дар коғаз, аудиовизуалӣ, рақамӣ ва ҳам дар ҳама гуна формати дигар равона шудааст.
https://sputnik.tj/20230526/unesko-shoir-tojik-fors-fehrist-khotira-jahon-shomil-1057383260.html
ом
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102690/63/1026906368_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_90dc8be5235b9b44ccc9c35e11de756b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бойгонӣ дафтар амир бухоро “хотираи ҷаҳон”
бойгонӣ дафтар амир бухоро “хотираи ҷаҳон”
Бойгонии дафтари амири Бухоро ба феҳристи “Хотираи ҷаҳон” шомил шуд
Дар бойгонӣ ҳуҷҷатҳо ба забони тоҷикӣ-форсӣ мавҷуданд, ки ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сохтори сиёсии Бухорои онвақтаро бозгӯ мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бойгонии дафтари амири Бухоро ба феҳрасти барномаи ЮНЕСКО “Хотираи ҷаҳон” шомил шудааст.
Дар ин бора роҳбари хадамоти иттилоотии Агентии "Узархив" Анварҷон Алиев хабар дод.
"Фонди бойгонии Дафтари қушбегии амири Бухоро ба феҳристи барномаи "Хотираи ҷаҳон"-и ЮНЕСКО шомил шудааст", - гуфт ӯ.
Ба фонд дар умум ҳам ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти худи дафтар ва ҳам ҳисоботи ниҳодҳои марказӣ аз маҳалҳо, инчунин мукотиба бо идораи сиёсии императории Русия дар Бухоро дохил мешаванд.
Аз ҷиҳати муҳтаво он давраи аз ҳамроҳ шудани Бухоро ба Русияи подшоҳӣ то фурӯпошии аморат дар соли 1920-ро дарбар мегирад.
Асосан дар бойгонӣ асноди бо хатти арабӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ навишташуда мавҷуд аст, ки ҳам ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳам сохтори сиёсии онвақтаи Бухороро ифшо мекунанд.
Қаблан ЮНЕСКО осори мукаммали шоири тасаввуф ва файласуфи ҷоҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба ин феҳрист шомил карда буд.
Қобили зикр аст, ки барномаи "Хотираи ҷаҳон", ки соли 1992 таъсис ёфтааст, ба пешгирии талафоти бебозгашти мероси таърихӣ - аснод ё маҷмӯаи осори дорои арзиши назаррас ва пойдор, хоҳ дар коғаз, аудиовизуалӣ, рақамӣ ва ҳам дар ҳама гуна формати дигар равона шудааст.