Варзишкорони тоҷик барои ҳар медал аз Бозиҳои осиёӣ мукофотпулӣ мегиранд

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2023
Обуна шудан
Ҷоизаи президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми то 150 ҳазор сомонӣ ба варзишкороне пардохт карда мешавад, ки аз дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиёӣ нишони тилло мегиранд
ДУШАНБЕ, 17 сент - Sputnik. Варзишкорони тоҷик, ки дар мусобиқаи Бозиҳои Осиёӣ иштирок доранд, имкони гирифтани ҷоизаи президенти Тоҷикистонро доранд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 50 то 150 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра мегиранд 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим хоҳад шуд.
Утренняя гимнастика в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Собиқ сармеъмори Душанбе вазифаи нав дар бахши варзиш гирифт
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои 19-уми Осиёӣ 23 сентябр дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин шуруъ мегарданд.
Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш дар 61 равияи варзишӣ ворид гардидааст. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 110 варзишгар дар бозиҳои мазкур зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Бозиҳои Осиё шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок дошта, то ҳол варзишкорони тоҷик соҳиби ҷоизаҳои ин мусобиқаро ба даст овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0