Собиқ сармеъмори Душанбе вазифаи нав дар бахши варзиш гирифт

© SputnikУтренняя гимнастика в Душанбе
Утренняя гимнастика в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Обуна шудан
Дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоботи раиси нави Федератсияи гимнастикаи ҷумҳурӣ баргузор гардида, баранда маълум шуд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба мақоми раиси нави Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон Қосим Усмонзода интихоб гардид.
Усмонзода, ки дар гузашта сармеъмори шаҳри Душанбе буд, ба иттилои мақомоти пойтахт моҳи апрели соли 2022 бо ихтиёри худ аз вазифаи сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ истеъфо дода буд.
Интихоби Усмонзода ба мақоми раиси Федератсияи гимнастикаи ҷумҳурӣ, дар як ҳамоиш бо ҳузури ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қаҳрамони олимпии соли 2016, Дилшод Назарзода баргузор гардид.
Самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Ҷавонӣ рафту зӯри бозу не: Паҳлавони солхӯрдаи тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд
Маврид ба зикр аст, ки қаблан роҳбарии Федератсияи гимнастикаро марҳум Идигул Қосимзода, собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва вакили парлумон ба уҳда дошт, ки соли 2021 даргузашт.
Дар Тоҷикистон солҳои охир интихоби мақомдорон ва ё соҳибкорон ба роҳбарии иттиҳодияҳои варзишӣ, аз ҷумла федератсияҳо густариш ёфтааст.
Аз ҷумла пештар ба мақоми раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоҳир интихоб гардид. Раиси "Роҳи оҳани Тоҷикистон", Мирзоалӣ Комил раҳбари Федератсияи бокс интихоб гардид.
Лентаи хабарҳо
0